Бе ту дар зиндони ғам зору парешонам Парвиз! Ишқи ту тухми меҳрро дар киштзори дилам коридааст. Дарду ғам аз дурият мани мискину танҳоро бемор намуда, ҳайрону зор мондаам. Хоб бо чашмонам қаҳрист. Алами дурии ту синаамро хунчакон намудааст.
Эй кош зудтар ману ту ба муроди дил бирасем ва аз лабони ҳам шаҳди бӯса ситонем. Ишқи ту мисли оташест, ки ба гармии сӯзонаш тоб наоварда зуд аз пой афтидам. Агар ту маро партой, худкушӣ мекунам! Зери чархи мошин мепартоям ин ҷисми афгорамро ва ҷонамро қурбон мекунам. Медонам, ки ишқат аз ишқи ман камӣ надорад, вале боз ҳам тарс аз бевафоии тақир мехӯрадам.
Маро бо худ бигир, то якумр дар дунё хушбахтӣ ёрам бошад!
Эй азизи дилу дидаам, дасти ишқталаби ман сӯи ошёни дили ту дароз аст, ноумедам нагардон.
Ман дили худро асири хандаҳоят мекунам,
Ишқи покамро асири ваъдаҳоят мекунам.
Дар дили худ ҷой диҳӣ гар меҳру вафоям.
Хонаи дил ман туро як умр ҷой мекунам.
Шаҳзодаи ту…!