formula feb 2025
Хуҷанд: мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ оғоз ёфт
07.04.2025
Oila.tj
181

Дар идомаи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи маҳаллаҳои 31, 32, 33 ва 34-уми шаҳри Хуҷанд мумфарш карда мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба мумфаршкунии роҳ оғоз бахшида, ба масъулин барои бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраргардида ба анҷом расонидани корҳои роҳсозӣ дастурҳои мушаххас додааст.

- Дарозии умумии роҳе, ки мумфарш мегардад, 1650 метрро ташкил дода, он дар гузашта дар ҳолати ногувор қарор дошт. Бо мумфарш шудани роҳ мушкили ҳаракати нақлиёт ва сокинон ҳалли худро меёбад. Корҳои мумфаршкунӣ аз ҷониби ширкати роҳсозии маҳаллӣ амалӣ шуда, ҷараёни иҷрои корҳо таҳти назорати бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва вилоят қарор дорад,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД