Sebiston new 2024 october
ХӮРИШИ ҶОПОНИИ САБРИНАИ НАЗРӢ
1871


Дар “Ошхонаи оила” тез-тез ҳунармандони машҳури театру кино, сарояндаҳои овозадор ва дигар шахсиятҳои шинохтаи кишварамон меҳмон шуда, ба ҳаводорони хеш хӯрок, ширинӣ ва хӯришҳои беҳтаринро пешкаш месозанд. Имрӯз блогер ва ва ровии машҳур Сабринаи Назрӣ ба ҳаводоронаш тарзи тайёр кардани як хуриши арзон, вале бисёр муфиди ҷопониро меомӯзонад.

Барои омода сохтани ин хуриш лозим аст:
Пиёзу кабудӣ- 2 бандча;
Сирко- 2 қошуқча;
Лубиё- 150 гр;
Занҷабил – 1 дона;
Равғани кунҷид – 2 қошуқ;
Равғани растанӣ – 1 қошуқ

Тарзи тайёр кардани хӯриш:
Шалғамчаи навъи ҷопониро аввал шуста, сипас дарозрӯя реза кунед. Пиёзу кабудиро майда реза карда бо шалғамчаи резашуда дар як табақча мегирем. Занҷабилро низ хурд реза кунед ва ба он равғани кунҷид, равғани растанӣ ва намаку мурч пошед. Дар охир ба хуриш каме сирко андохта маҳсулотро якҷоя кардан лозим аст.
Хуриши мазкур каме тундмаза бошад ҳам, барои саломатӣ бисёр фоиданок аст. Иштиҳои том!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД