Sebiston new 2024 october
Хотираро чӣ гуна мастаҳкам нигоҳ доштан мумкин аст?
799

Хотираи инсон вазифаҳои ҳамаи узвҳои баданро назорат карда, ба воситаи он мо низ тамоми корҳоямонро идора мекунем.

Дар ҳолати халал ёфтани кори хотира назорат ва нигоҳ доштани вазифаҳо узвҳои бадан вайрон мешавад. Тибқи омори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тақрибан 55 миллион нафар дар ҷаҳон аз вайроншавии хотира азият мекашанд, ки он дар натиҷа ба бемории Алсгеймера оварда мерасонад.

Ҳалима Рофиева, мудири кафедраи бемориҳои дарунии Донишкадаи тиббии иҷтимоӣ ин нуқтаро дар конфронс, ки дар бинои донишкада баргузор шуд, қайд намуд.

“Солҳои охир, махсусан, баъд аз бемории ковид вайроншавии кори хотира дар миёни ҷавонон зиёд мушоҳида мешавад, ки он ба дигар бемориҳои асаб, аз ҷумла бемории Алсгеймер оварда мерасонад”, илова кард Рофиева.

Дар конфронси мазкур, ки зери унвони “Хотира ва бемориҳои хоси он” баргузор шуд, саҳми Қобилова Мағфират, ассистенти кафедраи бемориҳои дарунӣ ва донишҷӯёни гурӯҳи 318 кори муолиҷавии Донишкадаи тиббии иҷтимоӣ назарррас буд.

Хотира, ки идоракунандаи кори узвҳои дохилӣ ва берунии инсон маҳсуб меёбад, халалёфтани он ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерсонад. Барои барқарор кардани кори хотира ва солим нигоҳ доштани он маслиҳатҳои муфид барои иштирокдорони конфронс иро гардид, ки дар матлабҳои оняда бароятон пешниҳод хоҳем кард.

Дар рафти чорабинӣ санҷишҳои тестии барои муайян кардани кори хотира, нигаҳдории маълумот дар хотира ва дигар корҳои амалӣ гузаронида шуд, ки дар он иштирокчиён фаъолона иштирок намуданд ва донишҷӯёни фаъол бо туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Ҳалима Рофиева дар охири ҷорабинӣ қйайл намуданд, ки дар нақша дорем дар бораи зарарҳои нӯшокиҳои энергетикӣ конфронс баргузор намуда, дар бораи паёмадҳои ногувори он маълумоти муфассал пешниҳод наомем.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД