Arzon march 2024
Хосияти Зарафшонӣ 62 сола шуд!
920

 

Хосияти Зарафшонӣ, ки бо сабки хосаи сурудхонии худ миёни мардуми тоҷик шуҳратӣ беандоза дорад, имрӯз ба синни мубораки 62 солагӣ расид!

Хосият Ортиқова ҳамчун сароянда, навозанда ва оҳангсози тоҷик, ки бо номи Хосияти Зарафшонӣ бештар маъруф аст, 10 октябри соли 1960 дар деҳаи Гузари Боди ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Ӯро барои ҳунари волою нотакрораш  соли 1991 унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, соли 2005 унвони Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон сазовор дониста, ҳамчунин дорандаи ордери “ Шараф” мебошад.

Ин сароянда бо суруди “Бибӣ Райҳон” , ”Тоҷикистон” “Модар” ва дигар сурудҳояш миёни мардум маъруфу машҳур аст.

Ӯ дар як мусоҳибааш бо ёдоварӣ аз интихоби касбашон чунин гуфта буд, ки ҳанӯз аз кӯдакӣ дар дил нияти муаллима шуданро мепарваридам, аммо ҳамчун ҳаваскор дар чорабиниҳои мактабӣ баромад мекардам. Баъд аз баромадҳоям дар саҳна, қарсаки тамошобин дар дили ман шавқу ҳаваси сарояндагиро бедор кард ва пеши худ мақсад гузоштам, ки санъаткор мешавам. Дар солҳои охири таҳсил хешу табор монеъ шуданд ва ҳатто падарам ҳам ба гапи онҳо рафта, маро аз роҳам гардониданӣ шуданд. Ман ду поямро дар як мӯза монда, дар охир розигии падарамро гирифтам.

Баъдан падарам шарт гузоштанд, ки мебараму аммо кӯшиш кун, ки аз пушти ту ягон ҳарфи зишту ноҷо ба ман нарасонанд ва  нашунавам. Сари маро дар байни мардум хам накун»... Ҳамин насиҳати эшон то ҳол дар гӯши ман садо медиҳад”, мегӯяд апаи Хосият.

Кормандони сомонаи “ОИЛА ТҶ” ин овозхони машҳури тоҷикро бо баҳори нави умрашон самимона табрик мегӯянд ва барои эшон тани сиҳату болидахотириро таманно доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД