Дар қаламрави шаҳри Хоруғ имрӯз тақрибан соати 10 лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд, ки бар асари ин ҳодиса чандин хонаҳои истиқоматӣ зарар диданд.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар хабар дода, гуфтааст, ки дар ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагони раёсати кумита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ, қувва ва воситаҳои Системаи ягонаи давлатии рафъи паёмадҳои ҳолатҳои фавқулодаи вилоят фаъолият доранд.
Умеда Юсуфӣ сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса субҳи имрӯз дар кӯчаи Носири Хусрав рух дод ва ҳоло наҷотбахшон дар маҳалли ҳодиса қарор доранд.
Ба гуфтаи ӯ, то ин соат 7 сокин, бо шумули як кӯдаки 5 сола, аз зери тарма берун кашида шудаанд. Ду нафари дигар ба ҳалокат расидааст. Ҷустуҷӯйи сокинони дигар идома дорад.
Тарма ба хатти нерӯи барқ низ осеб расонда, шаҳри Хоруғро бе барқ гузоштааст.
Барои рафъи паёмадҳои ин офати табиӣ чораҳои фаврӣ андешида шуда истодаанд.