Рӯзи 7-уми май, соати 19:00 дар майдони 800-солагии Москва консерти кушоди дастаҳои ҳунарии «Хори Туркӣ» ва «Soprano» барпо мегардад. Ин дастаҳои афсонавӣ дар арафаи Рӯзи Ғалаба консерти «СУРУДҲОИ ЯГОНАГӢ»-ро пешкаш мекунанд.
Барнома аз намоиши арияҳои операи классикӣ, таронаҳои мардумӣ ва хитҳои ҷаҳонӣ, инчунин сюрпризҳои мусиқие, ки махсусан барои тамошобинони Тоҷикистон омода шудаанд, иборат мебошад. Интизор меравад, ки аз саҳна сурудҳои самимӣ ва таъсирбахш садо дода, шириниҳои ҳаёт, дустӣ, қаҳрамонӣ, садоқат ва ишқро ба хотир меоранд.
Бояд гуфт, ки ин барномаи консертӣ бо дастгирии Ҳукумати Москва, Вазорати корҳои хориҷии Русия ва намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон баргузор мешавад.