Селе, ки рӯзи 25 майи соли равон дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон сар зад, даҳҳо хонаро вайрон карда ба сокинони ин минтақа зиёда аз 7 миллион сомонӣ зарар расонидааст.
Дар ин бора идораи ҳолатҳои фавқуллодаи Хатлон хабар додааст.
Бар асари сел дар Фархор 36 хона вайрон шуда, ҳаҷми умумии зарари аз ин офати табиӣ расида 7 миллиону 333 ҳазору 388 сомонӣ ҳисоб карда шудааст.
Мардуми осебдида умедворанд, ки баъди пурра тоза кардани минтақа аз гил ба сохтмони хонаҳои нав оғоз мекунанд.
“Барои 200 хоҷагие, ки дар натиҷаи омадани сел зарар дида, ба манзили зисташон обу гил ворид шуда буд, ду даъфа ёрии ғизоӣ расонда шуд,"-гуфтааст Ҷамшед Маҳмадзода, сардори Идораи ҳолатҳои фавқулода дар Хатлон зимни суҳбат бо журналистон.
Дар маҷмӯъ имсол аз сел ва дигар офатҳои табиӣ ба мардуми Хатлон зиёда аз 27 миллион сомонӣ зарар расидааст.