Formula september
Хонандаи синфи 9 дар рӯзи 1-уми сентябр худро ба дор овехт
902

Дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд як хонандаи мактаб дар рӯзи аввали соли хониш даст ба худкушӣ задааст. Сабаби худкушӣ кардани ин бачаи ноболиғ ҳанӯз маълум нест.

“Ӯ дар синфи 9-и яке аз мактабҳои ноҳия таҳсил дошт ва пештар ҳуҷҷатҳояшро барои идомаи таҳсил ба як гимназия супорида буд. Мехост илмҳои дақиқро хубтар аз худ карда, ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дохил шавад”,- навиштааст Pressa.tj дар такя ба як манбааш.

Ин хонанда баъди аз ҳам ҷудо шудани волидонаш бо модараш дар хонаи падарандар зиндагӣ доштааст.

Ёдовар мешавем, ки ин аввалин ҳодисаи худкушӣ дар Деваштич давоми соли ҷорӣ нест. Моҳи марти имсол низ як хонандаи мактаб дар ҷамоати деҳоти Муҷуни ин ноҳия худкушӣ карда буд.

Новобаста ба ҳама талошҳо баҳри пешгирии чунин ҳодисаҳои нохуш ҳамасола шумораи зиёди одамон даст ба худкушӣ мезананд. Муттассифона дар байни афроди худкушӣ ва сӯйқасди худкушӣ намуда ноболиғон низ ҳастанд.

Тавре Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишаста хабарӣ гуфта буд, дар нимсолаи аввали соли 2024 дар ҷумҳурӣ 222 ҳодисаи худкушӣ ва сӯйиқайд ба худкушӣ рӯй додааст. Аз теъдоди умумии афроди даст ба худкушӣ зада 110 нафарашон занону духтарон ва 112 нафар мардон ва ҷавонписарон будаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД