arzon replenishment
Хонандагони синфҳои аз 1 то 4 рӯзи шанбе дарс мехонанд
488

 

Хонандагони синфҳои аз 1 то 4 ва муассисаҳои томактабӣ рӯзи шанбе дарс мехонанд. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17-уми феврали соли 2024, таҳти №71 “Дар бораи гузаронидани рӯзҳои истироҳат ба дигар рӯзҳои корӣ дар соли 2024” рӯзи истироҳат аз рӯзи шанбеи 4-уми май ба рӯзи 10-уми май гузаронида шудааст.

Аз ин рӯ, дар муассисаҳои томактабӣ ва хонандагони аз синфи 1 то 4 новобаста аз шаклҳои моликият ва тобеияти идоравӣ машғулият ва дарсҳои рӯзи 10-уми май (ҷумъа) ба рӯзи шанбеи 4-уми май гузаронида шуда, рӯзи 10-уми майи соли 2024 истироҳатӣ мебошад.

Барои хонандагони синфҳои 5-11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дарсҳо тибқи реҷаи муқаррарӣ гузаронида мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД