Салом ба хонандагони азиз!
Ман марди 38-сола ҳастам, дар корхонаи давлатие ба ҳайси барқчӣ кор мекунам ва ҳамзамон бо таъмири асбобҳои барқию телефон машғул ҳастам.
Сад афсӯс, ки аз падару модар маҳрум ҳастам. Оиладор будам, вале бо сабаби ноҳурматӣ зоҳир кардани завҷаам аз ӯ ҷудо шудам. Айни замон бо духтарчаи 4-солаам иҷоранишин ҳастам. Зодаи Хатлонзамин бошам ҳам, дар шаҳри Хуҷанд иҷора мешинам ва дар ҳамин ҷо кору фаъолият мекунам. Мехоҳам модаре пайдо шаваду маро ба фарзандӣ қабул намояд. Ҳамзамон бо духтаре оила барпо намудан мехоҳам, ки ба зиндагӣ тайёр бошад. Барои бо зани хонадор издивоҷ намудан ё хонадомод шудан тайёрам, муҳимаш мо хушбахт бошем. Зан, агар дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ зиндагӣ кунад, боке нест, ман барои ба даст овардани бахту саодати рӯзгор омодаам ба пешвози бахти худ равам.
Хоҳишмандам маро дуруст дарк намоед, ман аз танҳоиву бекасӣ дилгир шудаам, агар зани хубе маро ҳамсафари ҳаётӣ интихоб намояд, ҳамчун шавҳари ғамхору меҳрубон ҷонамро қурбонаш месозам.
Тел.98-520-15-84, 400-05-20-02