arzon replenishment
ХОНААТ СӮЗАД ДУХТАРДОР
6428

 

Мактабро хатм кардан баробар писари ҳамсояамон Беҳрӯз волидонашро ба хонаи мо хостгорӣ фиристод. Падару модарам хурсанд шуда, розигӣ доданд. Ҳамин тавр мо, ду ҳамсинф зану шавҳари қонунӣ шудем. Пас аз як соли зиндагӣ шавҳарам дар шаҳр соҳиби кори сердаромад гашт.

Як шаб телефони Беҳрӯз ба дастам афтиду ҳуш аз сарам парид. Шавҳарам бо духтарҳои нимбараҳна дар тарабхонае нишаста аксҳои зиёд гирифтааст. Дар сари қаҳру ғазаб ҷанҷол карда ба хонаи падарам омадам. Дар батнам кӯдак дорам. Шавҳарам ба суроғам намеояд. Ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Наргис аз н. Рӯдакӣ

Маслиҳат:

 Наргис! Ту бояд ақлатро кор фармуда, ба чунин чизҳои майда-чуйда эътибор намедодӣ. Шавҳарат коргар будааст, шояд он духтарҳои ба қавли ту “нимбараҳна ” ҳамкор ё дӯстонаш бошанд. Мӯйро аз хамир ҷудо накарда аз хонаи шавҳарат ароз карда омаданат нишонаи боақлӣ нест. Ҳоло ҳам дер нашудааст, чи тавре ки қаҳр карда омадӣ, ҳамон тавр худат бо пойи худ ба хонаи шавҳарат баргард. Беҳрӯз пеш кунад ҳам, дигар аз дар набаро, зеро бузургон гуфтаанд:

Бахти аввал чун асал

Бахти дуюм дарди сар!

Бахтатро аз даст надеҳ, хоҳарҷон. Хатои маро такрор накун. Замоне ман ҳам барои дупула гап аз хонаи шавҳарам қаҳр карда омадаму бо дасти худам ҳаётамро сӯхтам. Акнун ба нимаи бахт зорам, вале...

Мадина, сокини ш. Турсунзода.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД