Муаллим ҳастам. Соли 2007 волидонам маро хонадор карданд. Ҳамсарам як духтари ноҷинсаки мӯрчамиён, ба назар чунин мерасид, ки шамол андак тезтар вазида монад, арӯси маро парронда мебарад. Гумон доштам, ки бо мурури вақт фарбеҳ мешавад, аммо хаёлам хом баромад.
Сӯзан хӯрдагӣ барин, занам ҳеҷ ҷон нагирифт. Тақдирро бинед, ки апаам ҳамроҳи шавҳараш ба садама гирифтор шуда, дар як шаб ҳардуяшон фавтиданду се фарзанди кӯчакашон дар кӯча монд. Маҷбур шудам, ки парастории ҷиянҳои бе падару бе модарамро бар дӯши худ бигирам. Ятимчаҳои апаам ба зудӣ бо кӯдакони мо унс гирифтанд, ҳамсарамро оча гуфта дар атрофаш парвонавор давр мезаданд, вале нигоҳубини кӯдакони бисёр аз афташ ба зани нимҷони ман душворӣ кард, ки иллатӣ шуда монд.
Аввалҳо гоҳ-гоҳ аз дарди сутунмуҳра шикоят мекард, баъд тамоман маъюб шуда аз пойи равон маҳрум гашт. Се соли дароз ҳамсарамро дар ба дари духтурхонаҳо гардонда табобат намудам, ягон фоида накард. Аҳволаш бадтар шуду беҳтар не. Се писарам ҳамроҳи се писари апаам дар хонае, ки ҳамсарам ҳамеша рӯйи бистари беморӣ хоб аст, зиндагӣ мекунанд. Худам сарашонро мешӯям, хӯрокашонро мепазам, либосҳояшонро шуста дарзмол мекунам, бар замми ин, зани беморамро парасторӣ менамоям.
Росташро гӯям, ҷонам аз бачапоиву касалбонӣ ба лабам расидааст, шабҳо орзу мекунам, ки дигар ҳеҷ гоҳ рӯз нашавад. Духтурҳо мегӯянд, ки асабҳоям тамоман хароб шудаанд. Маслиҳат доданд, ки фавран зан гирам, вагарна ҳолам табоҳ мешавад. Намехоҳам ҳамсари маъюбам зани дуюм гирифтанамро фаҳмида азоби руҳӣ кашад, вале охир ман ҳам инсон ҳастам ва дилам навозишу меҳрубонӣ мехоҳад. Мехоҳам ягон зани хонадорро ёфта, ақаллан дар як ҳафта як маротиба ба наздаш равам ва каме ҳам бошад, ғубори диламро барорам.
Синну соли зан бароям аҳамият надорад, аз худам калон бошад ҳам, тайёрам бо ӯ зиндагӣ карда, шароитҳои заруриро барояш ба қадри имкон фароҳам биёрам. Ба қавле йигити чор кас медидагӣ ҳастам, агар ягон зани соҳиби манзил лутф намуда, риштаи тақдирашро бо ман пайвандад, боварӣ дорам, ки аз шавҳар карданаш ҳеҷ гоҳ пушаймон намешавад!
Тоҳир, 34- сола, аз ноҳияи дурдаст.