Arzon march 2024
ХОЛААМ ҚАСДИ ПАДАРАМРО АЗ МАН ГИРИФТУ....
16.06.2020
Оила
4079

 Маро холаам Садбарг ба доми фиреб афканда ба Русия овард. Волидонам бехабар аз корҳои разилонаи холаам ба ман дуо доданд, ки дар назди духтурони номдори рус табобат гирифта шифо ёбам.

Баробари ба шаҳри Маскав расиданамон холаам ба шиносҳояш занг зада, хоҳиш кард, ки барояш ҷои зист ёбанд. Ошноҳояш бо мошини сиёҳшиша омада моро аз фурудгоҳ гирифтанду ба як меҳмонхонаи барҳаво бурданд. Мо дар тарабхонаи меҳмонсарой шикамамонро сер карда, ҳамроҳи ошноҳои холаам ба утоқамон баргаштем. Холаам лаб газида ба яке аз он ошноҳояш, ки марди шикамдамидае буд, гуфт: “Ҷиянам Сабинаҷон бемор аст, наздатон овардам, ки муолиҷа кунед! ” Мард маънидорона хандида фармуд, ки ба хонаи дигар гузарам. “Доктор чизе фармоянд, саркашӣ накарда иҷро кун.

Сӯзандорӯ гузаронда баъд ба табобат машғул мешаванд.” таъкид кард холаам. Чизеро пайхас накарда ба хонаи дигар гузаштам. Духтур маро дар рӯи диван хобонда сӯзандору гузаронд. Дигар чӣ шуд, дар ёд надорам. Саҳар хаставу пакар аз хоб бедор шудам. Сарам сахт дард мекард. Базӯр худро аз бистар бардоштаму чашмам ба рӯйҷоии пур аз хун афтида, ҳуш аз сарам парид. Либосҳоям низ хунолуд буданд. Фиғон кашида холаамро фарёд кардам, аммо ҷавоб надод. Бо азоб ба поён фаромада аз посбон пурсидам, гуфт, ки зани дирӯз ҳамроҳи шумо буда субҳ саросема баромада рафт.

Дубора ба утоқам баргаштам. Чашмам ба коғазпоре афтид, ки дар болои миз мехобид. Варақи чорқатшударо кушода хондам. «Дар вақташ падарат ба номусам дастдарозӣ карда буд. Бо айби ҳамон гӯрсӯхта бе шавҳар мондам. Қасди падаратро аз ту ситондам. Акнун азоби маро ту ҳам бикаш, то додоҷонакат фаҳмад, ки доғи беномусӣ чи қадар ҷонсӯз будааст ” навишта буд холаи гӯрсӯхтаам Садбарг.

Бо айби падару холаам мани бегуноҳ дар мулки бегона сарсону саргардон мондаам. Рӯзро дар хонаи як кампири рус, ки Клара ном дорад, саҳар мекунам. Пуле надорам, ки ба Ватан баргардам. Роҳҳо аз як сӯ махкам ва наздиконам наметавонанд ба дидорам ба осонӣ бирасанд ё маро ба Тоҷикистон баргардонанд. Эй кош, тезтар роҳҳо кушода шаваду мани аламзада тезтар ба ватан баргардам.  

Сабинаи роҳгумзада, аз ш. Шолковои Русия

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД