arzon replenishment
Хокбориш ва ҳавои ғуборолуд то иди қурбон боқӣ мемонад
800


Солҳои охир тағйирёбии иқлим дар кишвари мо баръало ба назар расида, табиат инҷиқиҳои зиёде мекунад.

Чанд рӯзи охир бошад, ҳаво бар замми бениҳоят гарм буданаш чунон пурғубор аст, ки баъзан ҳатто нафас кашидан аз чунин ҳавои ифлос ба кас душворӣ мекунад. Тавре ки Кумитаи ҳлатҳи фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ хабар додааст, ҳавои пурчангу ғубор боз чанд рӯзи дигар идома хоҳад ёфт. КҲФ дар такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии мамлакат мегӯяд, то 8-уми июл дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳавои ғуборолуд боқӣ монда, дар ноҳияҳои кӯҳиву баландкӯҳ, аз ҷумла дар навҳии Вилояти Суғд, ғарби ВМКБ ва баъзе ноҳияҳои тобеъи марказ бо сабаби гам шудани ҳаво ва об шудани пиряхҳо омадани сел аз эҳтимол дур нест.

Аксари сокинони пойтахт дар рӯзҳои ид ба ноҳияҳои дурдаст ба аёдати падару модар, хоҳару бардар ва дигар хешу табори наздикашон мераванд. Аз афроде, ки дар рӯзҳои иди қурбон нияти сафар кардан доранд, хоҳиш мекунем, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД