Чалак (бочка)
Чалаки пур маънои сериву пурии хонадонро дорад. Чалаки холӣ аз нохушиву зарару зиён дарак медиҳад.
Чангу хок
Нафаре, ки дар хобаш чанги дар рӯйи замин баландшударо мебинад, маънои бо кори номаълум ва номуайян машғул шуданро дорад. Нафаре, ки худро пур аз чангу хок хоб мебинад, ба сафар мебарояд. Ба даҳони нафаре дар хобаш хок андохта шавад, он нафар доро мегардад. Баъзе уламо бар онанд, ки чанг дар хоб нишонаи ба сафар баромадан аст. Рафту дар чунин хоб раъду барқ ҳамроҳ шавад, аз хушксолӣ огаҳ месозад. Агар аз суми асп чанг мепарида бошад, пас ин аспсавори боғуруру саркаш бо роҳи ғалат равона асту ӯро тарсу шарм фаро мегирад.
Чароғ, чароғпоя
Дар хоб дидани чароғ равшании қалб, имони қавӣ, ба мақсад расидан аст. Мегӯянд, ки чароғ дар хоб муждаи тавлиди писари хушахлоқ аст, ки дар оянда тоҷири саховатманде мегардад. Дар хоб дидани чароғи фурӯзон пешравии касбу кор асту чароғи хомӯшгашта нишонаи бебарориҳо аст. Хоб дидани чароғи фурӯзон дар дохили масҷид нишонаи шиносоӣ бо донишманди китоби Қуръонро дорад. Чароғи хомӯшгашта дар хоб шаҳодати марги ин донишманд аст. Чароғ дар хоб барои шахси муҷаррад издивоҷ асту барои нафаре, ки бемор аст, рамзи шифоёбӣ маҳсуб меёбад. Рафту равшании чароғ хира бошад, чунин хоб нишонаи бадбахтӣ аст.
Чароғак
Чароғакро аз тундар алоҳида хоб дидан нишонаи баъд аз иштибоҳ ба роҳи дуруст сафарбар гаштан аст. Дар баъзе ҳолатҳо чароғак дар хоб хабари хуш аз ҷониби нафаре аст, ки дергоҳ ҳузур надошт ё кӯмак аз роҳи дур аст. Ҳамчунин чароғак тарсу ҳарос аз роҳбар аст. Марде, ки зани бемор дорад, дар хоб чароғак либосашро сӯзонад, завҷааш реҳлат менамояд.
Чархи ресандагӣ
Чархи ресандаги дар хоб саёҳат аст. Нафаре, ки дар хобаш чарх мересад, ба сафар баромада, дар кишварҳои дигар пули зиёд ба даст меорад.
Чармфурӯш
Чармфурӯш дар хоб нафари ҷанҷолӣ аст ва ҳар нафаре, ки чармфурӯшро хоб мебинад, бадбахтиву ташвиш ва беморӣ ба сараш меояд.
Чашм
Чашм дар хоб аз имони мустаҳкам хабар медиҳад. Агар инсон дар бадани худ чашмони зиёдеро бубинад, имонаш қавӣ ва парҳезгор мегардад. Агар нафаре хоб бубинад, ки чашмонаш аз оҳан гаштаанд, ӯро ташвиши зиёд интизор аст. Рафту нури чашм дар хоб беҳтар гардад, ақлу хирад беҳтар гардад. Ҳар нафаре, ки гули чашм хоб мебинад, аз шахси барояш азиз ҷудо гашта, дучори ғаму ғусса мегардад. Дар хоб нобино гаштан ба ҷазои Худованд гирифтор шудан, имони заиф ва бетақвоӣ аст. Аз як чашм маҳрум гаштан дар хоб маънои марги фарзандро дорад. Дар хоб ба касе каҷ нигоҳ кардан нишонаи бадбинӣ ба нафаре аст, ки айни замон мавриди таваҷҷуҳ қарор дорад. Чашми кабуд дар хоб аз дидани ягон чизи нав, чашми сабз ба дини дигар гаравидан аст, чашми сиёҳ нишонаи худопарастӣ, чашми осмонӣ аз бетақвоӣ дарак медиҳад.
Чеҳра
Дар хоб чеҳраи худро зебо дидан нишонаи зиндагии осоишта, муждаи нек ва хурсандӣ аст. Марде, ки чеҳраи худро сиёҳ хоб мебинад, агар занаш ҳомила бошад, духтар ба дунё меорад. Нафаре, ки дар хоб рухсораҳои худро овезон мебинад, аз одамон садақа мепурсад ва танҳо бо гадоӣ рӯз ба сар мебарад. Чеҳраи худро кабудгашта хоб дидан маънои онро дорад, ки ин нафар ҷинояткор аст. Сиёҳшавии рӯй ҳамчунин ба он ишора мекунад, ки ин шахс дуруғгӯ аст ё ба дин навовариҳоеро илова мекунад, ки хилофи суннатҳои пайғамбар аст. Ранги зарди рӯй дар хоб ба ошиқшавӣ ё беморӣ ишора мекунад. Чеҳраи шукуфону сафед дар хоб нишонаи ҳолати хуби инсон аст. Чеҳраи сафед дар хоб нишонаи ростқавлӣ, ҳақгӯӣ ва имони мустаҳкам аст. Чеҳраи сиёҳгаштаву пур аз чанг нишонаи марги инсон аст. Агар нафаре худро ҷасур меҳисобида бошаду дар хоб чеҳрааш сиёҳ гардад, дар зиндагӣ тарсу будани худро нишон медиҳад. Чеҳраи сурх дар хоб шодиву нишот ва тасаллият аст.
Чодар
Зани чодарпӯш дар хоб шаҳодати корҳои пинҳонӣ аст.
Чодир, хайма
Хайма дар хоб хабари хуш асту дар баъзе ҳолатҳо ба маънои зан аст.
Чормех
Нафаре, ки дар хобаш зинда чормех зада мешавад, дар ҷамъият мавқеи баландро соҳиб мешавад ва нишонаи худотарсӣ аст. Шахсеро, ки дар хобаш кушта, баъдан чормех мезананд, пас дар бедорӣ фиреб мехӯрад. Дар хоб худро чормех задашуда хоб дидан, вале кай рух додани ин ҳодисаро надонистан, нишонаи хонаи аз дастдодаи худро баргардониданро дорад.
Чоҳ
Нафаре, ки дар хона ё ҳавлии худ чоҳро хоб мебинад, зиндагии серу пур насибаш мегардад ва баъди мушкилиҳо аз ҷое сабукӣ эҳсос менамояд, ки тамоман интизораш набуд. Хоб дидани чоҳе, ки аз он ҳама истифода мебаранд, нишонаи хушнудӣ баъди мушкилиҳо ва ғаму ғусса аст. Агар нафари ниёзманду корафтодае дар хобаш аз чоҳи Замзам об нӯшад, орзуву омолаш амалӣ мегарданд. Баъзе уламо бар онанд, ки агар мард дар хобаш чоҳро хоб бубинад, бо нафаре шинос мешавад, ки барояш хушбахтии зиёде ҳадя менамояд. Кандани чоҳ дар хоб аз оиладоршавӣ далолат медиҳад. Чоҳ дар хоби зан аз сериву пурӣ ва ҳомиладоршавӣ мужда медиҳад. Рафту оби чоҳ аз ашки чашмони зан пур мешуда бошад, ҳушдор аз бачапартоӣ аст. Дар хоб аз чоҳ об нӯшидан маънои онро дорад, ки шахси чунин хобдида аз дороии зане истифода мебарад. Дар хоб ба чоҳ афтидан фоли нек надорад, он таҷассумгари марг барои шахси бемор , зиндон барои афроде, ки душман дорад ва ғарқшавии киштӣ барои мусофир аст. Рафту дар хоб оби чоҳ тоза бошад, ба он афтидан фоли нек аст, рафту чоҳ хушк бошад, маънои наздик шудани маргро дорад. Дидани чоҳи вайронаву валангор аз наздик омадани марги зане шаҳодат медиҳад, ки барои шахси хобдида хеле азиз аст. Хоб дидани чоҳе, ки обаш мерезад, аз фош гаштани сиру асрори инсон ҳушдор месозад. Дар хоб аз чоҳ бо сатил об гирифтан аз шунидани хабари хуш мужда мерасонад.
Чоҳ, хандақ, чуқурӣ
Нафаре, ки дар хоб замин меканад, соҳиби боигарие мешавад ба андозаи чуқурии кандааш. Таъбири дигари заминканӣ дар хоб нишонаи фиребу найранг аст. Дар хоб ба чоҳе афтидан маънои онро дорад, ки шахси хобдида ба андозаи чуқуриву калонии чоҳ дучори фиреб гаштааст. Чоҳи аз об пуршуда дар хоб ҳомиладории зан аст.
Чӯпон
Чӯпон дар хоб аз қадру манзалати баланди роҳбар, омӯзгор, мураббия, сарвари бо адлу боинсоф дарак медиҳад.
Чутка
Чутка дар хоб хизматгорзане аст, ки ғаму андуҳро бартараф менамояд.
Чӯҷа
Нафаре, ки дар хобаш зери мурғ тухм мемонаду тухм шикаста, чӯҷа мебарояд, агар дар зиндагӣ ноумед гашта бошад, дубора умедҳояш сабз мегарданд ва дар оилааш тифли бафайзе ба дунё меояд. Рафту дар зери хурус чӯҷа гузошта, аз он ҷо чӯҷа ба даст оварад, дар маконе, ки шахси хобдида умр ба сар мебарад, омӯзгори нав пайдо мешавад.