Formula novemver 2024
Хобномаӣ исломӣ: бо ҳарфи Қ
169860

 Қабр

Қабр дар хоб маҳбас аст. Нафари муҷарраде, ки дар хобаш қабр меканад, оила бунёд менамояд. Рафту шахси чунин хобдида оиладор бошад, умри дароз насибаш мегардад. Шахсе, ки дар хобаш вориди қабр мегардад, дар бедорӣ ба маҳбас меафтад. Дар хоб дидани қабри олимони машҳур маънои аз ҳақиқат гурехтанро дорад. Нафаре хоб бинад, ки ба қабрҳо борони сахт меборад, аҳли оилааш аз лутфи Парвардигор бархурдор мегарданд. Хоб дидани қабрҳои зиёди ношинос маънои бо афроди лаину ҳиллагар робита намуданро дорад. Барои худ дар хоб қабр кандан дар бедорӣ хона сохтан аст.

Қабурға

Қабурға дар хоб зан ё аъзои нави оила аст. Шахсе, ки дар хоб дасти худро мегазад, дар бедорӣ ба коре даст зада, пушаймон мегардад. Худро бе даст хоб дидан нишонаи он аст, ки шумо дар зиндагӣ чизи амалинашавандаро талаб доред. Дастони дароз дар хоб барои савдогар даромад асту барои мусофир барор. Рафту имоми масҷид дастони худро дароз хоб бинад, нишонаи нерӯ ва поквиҷдонии ёрдамчиёнаш аст. Ба пару бол мубаддал гаштани даст дар хоб аз тавлид ёфтани тифли дугоник шаҳодат медиҳад. Ба мармар мубаддал гаштани даст нишонаи хушҳолӣ ва дарозумрӣ аст. Нафаре, ки дастони худро аз тилло хоб мебинад, нишонаи марги ҳамсар, дӯсти наздик ё ҳамкор аст. Худро седаста хоб дидан нишонаи тавлиди писар ё бародари хурд аст. Дар хоб бо дастони худ мисли чашм дунёро дидан нишонаи он аст, ки шумо ба кори мамнуъ даст мезанед.

Қанд, шакар

Қанд дар хоб нишонаи хушҳоливу шодмонӣ ва аз ғаму андуҳу бадбахтӣ раҳо шудан аст. Дар хоб қандро бо нафаре тақсим кардан нишонаи дар қувваи худ ноустувор буданро дорад. Ба нафаре қанд додан ба сухани худ дилпур набуданро маънидод мекунад. Қанд хӯрдан дар хоб аз гапи беҳуда гуфтан ва каҷфаҳмӣ ҳушдор менамояд.

Қалам, ручка

Қаламу ручка дар хоб дониш, аз ёдкунӣ ва касбу кори бонуфуз ишора мекунад.

Қалъа

Қалъа дар хоб ба дониши динӣ ишора мекунад. Нафаре, ки дар хобаш қалъа месозад, аз душманон амон меёбад ё дороии худро аз бадбахтӣ ва муфлисшавӣ ҳифз мекунад. Ҳамзамон қалъа дар хоб маънои аз ташвишу ғам раҳо шудан ва хушнудиву аз гуноҳ даст кашиданро дорад. Дар хоб вориди қалъа гаштан нишонаи бештар Худотарсу тақводор гаштан аст. Худро дар дохили қалъа хоб дидан маънои комёбӣ ва тақводориро дорад. Қалъа дар хоб аз мушкилиҳо раҳо шудан ва ба комёбӣ ноил шудан аст. Аз дур қалъаро хоб дидан маънои бо коре машғул шуданро дорад, ки ба комёбӣ ноил мегардонад. Қалъаро шикастану вайрон кардан дар хоб нишонаи шахси бадахлоқ шудан ё марги завҷаи худро аз сар гузаронидан аст. Сохтани қалъа дар хоб пулҳое ҳастанд, ки бо роҳи ҳаром ба даст оварда шудаанд.

Қайкунӣ

Қайкунӣ дар хоб ба шарте ба маънои тавбаву надомат таъбир мегардад, ки ягон бӯй надошта бошад. Рафту бӯй дошта бошад, шахси чунин хобида ба ҳолати ногуворе гирифтор мешавад. Хун қай кардан дар хоб нишонаи тавбаи гуноҳ кардан асту шир қай кардан нишонаи аз имон дур шудан. Ҳамзамон қайкунӣ дар хоб бозгашти сиру асрор ва аз ғаму ранҷи ботинӣ раҳо ёфтан аст. Рафту шахси хобдида бемор бошад, реҳлат мекунад.

Қамчин, тозиёна

Агар дар хоб аз осмон қамчин афтад, аз хашму ғазаб, азоб ва нохушӣ шаҳодат медиҳад. Нафаре, ки қамчин хоб мебинад, он нафар закоти воҷибро миёни афроди ниёзманд тақсим мекунад.

Қандил

Дар хоб дидани қандил маънои онро дорад, ки рӯзҳои наздик дар ягон кори муҳим ширкат меварзед. Қандили афтидаву шикаста дар хоб маънои талафоти калон дар зиндагиро дорад.

Қайчӣ

Қайчӣ дар хоб нишонаи нафареро ба оғӯш гирифтан ё ҳамкорӣ бо касе аст. Қайчии аз осмон афтидаро дар хоб қапидан, нишонаи марг аст. Бо қайчӣ мӯй ё пашм қайчӣ кардан дар хоб нишонаи комёбӣ ва ба даст овардани сарват аст.

Қайроқ

Нафаре, ки дар хоб қайроқ ба даст гирифта, чизеро тез мекунад, робитаашро бо ошиқи пешинааш барқарор месозад.

Қарз

Дар хоб аз нафаре қарз гирифтан маънои аз корҳои худ қаноатманд набудан ва ногуворӣ дар кор аст. Ба касе қарз додан аз пешравии кор дарак медиҳад. Нафаре, ки дар хобаш қарзи бе фоиз (ҳасана) медиҳад, нисбати нафаре ғамхории беғаразона мекунад. Агар шахсе дар хоб қарздиҳанда ё қарзхоҳи худро фавтида бинад, аз ташвишу ғам озод мегардад.

Нафаре, ки дар хоб қарзи худро пардохт мекунад ё шахсеро ҳимоя мекунад, бо хешовандонаш оштӣ мешавад ва ба фақире хӯрок медиҳад ё мушкилаш осон мешавад.

Қасам

Нафаре, ки дар хобаш сидқан қасам мехӯрад, ғолиб меояд ва дар зиндагӣ сухани ҳақ ба забон оварда, боадолат аст. Дар хоб қасами дурӯғ хӯрдан маънои мағлуб гаштан, гуноҳи марговар содир кардан, хору залил гаштан ва пушаймон шуданро дорад. Рафту нафаре дар хоб бо салиб, ситора, баҳр ё чизи дигаре қасам ёд кунад, ин нафар гумроҳ гаштааст ё дурӯя аст. Ба номи Оллоҳ қасам хӯрдан дар хоб шаҳодати он аст, ки шахси чунин хобдида суннатҳои Оллоҳро риоя менамояд. Дар хоб қасам ёд кардан нишонаи он аст, ки корҳои нек амалӣ мегарданд.

Қассоб

Хоб дидани қассоб ва ношинос будани ӯ дар хоб фариштаи марг аст. Агар тамоми либоси қассоб олудаи хун бошаду дар даст корд ё табар дошта бошад, пас золиму ситамгар аст. Агар шумо дар дасти қассоб корд хоб бинед, бемор мешавед, вале баъдан шифо ёфта, саломатиятон беҳтар мегардад. Дар хоб дидани он ки қассоб гӯшт пора мекунад, маънои онро дорад, ки шахси чунин хобдида гирифтори туҳмат мегардад. Агар дар хоб қассоб ҳайвонеро саҳван забҳ намояд, эҳтимол шумо нисбати нафаре амали разилона ва сангдилона анҷом медиҳед. Баъзеҳо бар онанд, ки дар хоб дидани қассоб маънои иҷро намудани амру фармудаҳои исломро дорад. Тоифаи дигар бар онанд, ки чунин хоб аз феълу хӯ ва одату рафтори бад раҳо ёфтани инсонро пешгӯӣ мекунад.

Қассос, ҷазо

Қассос, ҷазо дар хоб нишонаи дарозумрӣ аст.

Қаср, кӯшк

Нафари бадахлоқ қаср хоб бубинад, боигариву давлаташ кам мешавад. Рафту шахси тақводоре чунин хоб бубинад, нерӯяш зиёд гашта, қарзашро бармегардонад. Ҳамзамон қаср дар хоб амалҳои неки шахсони ботақво аст. Нафаре, ки дар хобаш вориди қаср мегардад, оиладор мешавад.

Қафас

Қафас дар хоб маҳбас аст. Қафаси шикаста ё дуздидашуда нишонаи ба озодӣ баромадани инсонро дорад. Қафаси пур аз парранда таҷассумгари зиндагии пурнишот аст. Қафаси холӣ аз низоъ ва бетартибӣ дар хонаи шумо далолат медиҳад.

Қаҳру асабоният

Қаҳру асабоният дар хоб нишонаи марг, нодорӣ ва аз даст додани дороӣ аст.

Қаҳқаҳа

Садои қаҳқаҳа дар хоб гиряву андуҳ аст.

Қашшоқӣ

Дар хоб дидани қашшоқӣ нишонаи боигарӣ аст.

Қиёмат

Хоб дидани рӯзи маҳшар ҳушдор ё огаҳӣ додан аз гунаҳҳои шахси хобдида аст, ки нияти содир намуданашро дорад. Шахсе, ки дар хобаш баъд аз мурдан зинда мешавад, нафари золиму ситамгар аст. Нафаре, ки наздик омадани соати марги худро хоб мебинад, дар бедорӣ нафаре аст, ки аз дасташ некӣ намеояд ва ҳақиқату адолатро қабул надорад. Нафаре, ки номаи аъмоли худро дар хоб ба дасти рост мегирад, ба бузургиву ҳашамат мерасад, ба дасти чап гирифтани номаи аъмол маънои аз нодориву қашшоқӣ ва гуноҳ фавтиданро дорад. Шахсе, ки дар хобаш аз пули Сирот сиҳату саломат мегузарад, аз мушкиливу санҷиш ва бадбахтиҳо эмин мемонад. Хобе, ки дар он қабрҳо кушода мешаванду мурдаҳо берун мешаванд, ишора бар он аст, ки адолат танинандоз аст. Рӯзи маҳшарро дар замони ҷанг хоб дидан нишонаи ғолибият ба даст оварданро дорад. Зинда шудани мурдаҳо дар хоб маънои ба сафар баромаданро низ дорад. Шахсе, ки рӯзи маҳшарро танҳо барои худ хоб мебинад, пас чунин хоб нишонаи марг аст. Дар хобе, ки қиёмат фаро мерасаду баъдан боз зиндагӣ давом меёбад, маънои онро дорад, ки шахси хобдида аз нафарони боадолат беадолатӣ мебинад. Ҳамзамон чунин хоб нишонаи гунаҳкор будан ва дар ҷустуҷӯи орзуи дастнорас ба фиреб роҳ додану тавба накардан аст.

Қобил (писари калонии ҳазрати Одам)

Ҳар нафаре, ки дар хоб Қобил (писари калонии ҳазрати Одам)-ро мебинад, нисбати нафаре беадолатиро раво мебинад. Рафту Қобилро нафаре хоб бинад, ки қудрати ба нафаре бадӣ карданро надорад, пас ин шахс аз амали содиркардаи худ пушаймон мегардад.

Қоз, ғоз

Қоз дар хоб ба маънои зани зебо аст. Ҳамзамон қоз хоб дидан хабари хуш шунидан аст. Агар нафаре дар хобаш қозҳоро нигоҳубин кунад, бо оилаи номдоре шиносоӣ пайдо мекунад ва зиндагияш рӯ ба беҳбудӣ меорад. Қоз агар дар хоб оббозӣ кунад, тифл ба дунё меояд.

Қолин

Қолин дар хоб башорати сериву пурӣ ва мавқеи баландро дорад. Ҳамзамон он ба маънои оромиву нишот ва хушбахтӣ дар хона ва миёни наздикон аст.

Қулф

Агар маҳбасие дар хоб бубинад, ки қулферо кушодааст, аз зиндон озод мегардад. Рафту қулфро шахси ғамгине кушояд, ғаму андуҳаш рафъ мегардад. Қулф ҳамзамон ба беғамӣ ишора мекунад. Дар баъзе ҳолатҳо қулф шаҳодат аз монеа ва мамониятҳои ногаҳонӣ дар роҳи инсонанд.

Қурбоққа, ғук

Дар хоб дидани як ё ду дона қурбоққа шахси худотарсу бо тазарруъ аст. Агар дар хоб дар хона ё мавзее қурбоққаи бисёр ҷамъ шавад, ин мавзеъ ба ҷазои Худованд гирифтор мешавад. Қур-қури қурбоққа дар хоб маънои ба хизмати роҳбар ё намояндаи ҳукумат равобидан аст. Дар хоб қурбоққаро қапидан маънои содиқона анҷом додани фармудаҳои Оллоҳро дорад. Агар қурбоққа дар хоб бо забони одамӣ ба гап дарояд, ҷиҳози хонаи худро нав мекунед.

Қуръон

Қироати Қуръон дар хоб нишонаи эҳтиром, хушнудӣ аз Оллоҳ ва ғолибият аст. Нафари беморе, ки дар хобаш қироате аз Қуръон кунад, шифо меёбад. Нафаре, ки дар хобаш китоби Қуръонро пора-пора мекунад, он нафар беимон аст. Рафту нафаре дар хоб мувофиқи фармудаи Қуръон амал кунаду дар бедорӣ аз чунин аъмол даст кашад, пас, имонаш заиф аст. Дар хоб дар дасти худ Қуръонро қапидан, маънои аз худ намудани донишу қудратро дорад, рафту нафари беморе Қуръонро хоб бинад, шифо меёбад. Дар чунин хоб оятеро, ки мешунавед, ояти меҳрубониву шафқат бошад, пас хабари хуш мешунавед. Рафту ояти дар хоб шунида ҳушдор аз ҷазо гирифтан бошад, пас чунин хоб ҳушдоркунандаи он аст, ки шахси хобдида гуноҳе содир мекунад ва ӯро ҷазо интизор аст. Чунин хоб даъват ба шустани гуноҳҳои инсоне аст, ки дар гуноҳ ғӯтидааст ё ҳанӯз ҳам ба роҳи хато меравад. Нафаре, ки дар хобаш Қуръонро буро ва зебо қироат мекунад, дар ҳама кор муваффақ мегардад. Дар хобе, ки инсон нисфирӯзӣ Қуръон қироат мекунад, маънои онро дорад, ки ин нафар ба роҳи дуруст раҳсипор аст. Нафаре, ки Қуръони ҳарфҳояш нофаҳморо мутолиа менамояд, барои гуноҳҳои содирнамудаи худ тавбаву надомат мекунад. Қироати Қуръон дар хоб шаҳодати онро дорад, ки шахси қироаткунанда аз афроди бе имон муҳофизат карда мешавад. Агар нафаре хоб бинад, ки Қуръонро зери сари худ монда хоб меравад, ин нафар ба амалҳои нораво даст мезанад. Қуръонро ба дасти рост гирифтан дар хоб ба некӣ аст, ба касе баргардонидани Қуръон аз коре пушаймон шудан аст. Шахсе ки дар хобаш дар либоси худ пораҳои аз Қуръон навишташударо мебинад, ин нафар диндори сахт, хеле мазҳабӣ аст. Рафту навиштаҷот дар дасти чапаш бошад, пас ин нафар ба аъмоли бад даст мезанад. Нафари беимонро дар хоб бо китоби Қуръон ё китоби дигари арабӣ хоб дидан маънои пеш омадани нобарориро дорад. Шахсе, ки дар хобаш Қуръонро мегираду мутолиа намекунад, ба наздикӣ соҳиби мерос мегардад. Нафаре, ки дар хобаш Қуръони дастнависро мутолиа мекунад, маънои онро дорад, ки ин нафар ҳикмати китоби мазкурро аз худ намуда, ҳамзамон шуҳрат, дониш ва имон ба даст меорад. Агар нафаре дар хоб номаи Қуръонро харидорӣ намояд, пас дониши динии ин нафар афзун гашта, фоида ба даст меорад. Дар хоб номаи Қуръонро фурӯхтан, аз даст додани имон ва ба гуноҳ даст заданро маънидод мекунад. Дуздидани Қуръон дар хоб фаромӯш кардани дуову намоз аст. Агар нафаре дар хоб варақҳои Қуръонро бо дандон мехоида бошад, ин нафар барои меҳнати худ маблағи зиёд талаб мекунад. Нафаре, ки дар хобаш Қуръонро дар гил ё садаф рӯбардор мекунад, ин нафар фармудаҳои ин китоби муқаддасро озодона ва аз нигоҳи худ тафсир менамояд. Дар рӯйи замин навиштаҷотеро аз китоби Қуръон хоб дидан, маънои онро дорад, ки шахси чунин хобдида бедину беимон аст.

Қуттӣ

Қуттӣ дар хоб хабари хушу деринтизор аст, хусусан агар дар қуттӣ ҷавоҳирот бошад.

Қисса, ҳикоят

Ҳамсуҳбате, ки дар хоб сухан мегӯяд, нишонаи шахси хушгуфор аст.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(9)
Шодиева Сабрина 2023-04-09, 04:05
Ташаккур
Посух
Ибодат 2023-05-21, 13:24
Қурбонӣ
Посух
Рухшона 2023-05-27, 14:03
Салом Алекум хафтаномаи оила ман мухлиси доимиатон хастам хамаи хобхои дидамро табирашро аз инчо мехонам дуруст мебарояд. Дишаб хоб дидам шавхарам аз мехмони омадааст ман бо у чанчол дорам ки то сахар ончо чи кор карди.Дидам ки китоби мукадаси Курьонро хонда истодааст мегуяд бомдодамро хондам бад омадам дар асл шавхарам намоз намехонад харфи арабиро низ намедонад мегуфтен ки манои ин хоби ман чист?
Посух
Сабрина 2023-06-21, 16:07
Рахмат
Посух
Мунира 2023-08-14, 11:58
Курбокка
Посух
Мунира 2023-08-14, 11:58
Курбокка
Посух
закия 2023-09-22, 10:04
кощ дар хоб чист
Посух
закия 2023-09-22, 10:04
кощ дар хоб чист
Посух
Муҳаммад 2023-10-09, 14:23
Дар бораи қулфинай
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(9)
Шодиева Сабрина 2023-04-09, 04:05
Ташаккур
Посух
Ибодат 2023-05-21, 13:24
Қурбонӣ
Посух
Рухшона 2023-05-27, 14:03
Салом Алекум хафтаномаи оила ман мухлиси доимиатон хастам хамаи хобхои дидамро табирашро аз инчо мехонам дуруст мебарояд. Дишаб хоб дидам шавхарам аз мехмони омадааст ман бо у чанчол дорам ки то сахар ончо чи кор карди.Дидам ки китоби мукадаси Курьонро хонда истодааст мегуяд бомдодамро хондам бад омадам дар асл шавхарам намоз намехонад харфи арабиро низ намедонад мегуфтен ки манои ин хоби ман чист?
Посух
Сабрина 2023-06-21, 16:07
Рахмат
Посух
Мунира 2023-08-14, 11:58
Курбокка
Посух
Мунира 2023-08-14, 11:58
Курбокка
Посух
закия 2023-09-22, 10:04
кощ дар хоб чист
Посух
закия 2023-09-22, 10:04
кощ дар хоб чист
Посух
Муҳаммад 2023-10-09, 14:23
Дар бораи қулфинай
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД