new banner new years
Хоб бинӣ, ки касе гулӯятро бӯғӣ мекунад, шавҳарат маъшуқа меёбад?
26.11.2024
ОИЛА.ТҶ
585

Ман чанд шаб боз як хоби даҳшатнок мебинам. Дар хобам ҳамеша маро модари худам бӯғӣ карда куштанӣ мешавад. Моиндар мебуд, фикр мекардам, ки шояд дар дилаш нисбат ба ман ягон нафрат дорад ва барои ҳамин чунин хобҳои даҳшатангез мебинам, вале модари худам аст. Мехоҳам таъбири хобамро бидонам.

М. С., хонандаи Oila.tj

Посух:

- Аслан хоббинӣ 3 намуд мешавад. Якум - хобҳое, ки кас бар асари асабоният ва фикрҳои беҳуда мебинад. Дуюм - хобҳои даҳшатноки шайтонӣ, ки ба василаи чунин хоб қувваҳои нопок мехоҳанд орому қарори шахсро рабоянд. Сеюм - хобҳои раҳмонӣ, ки пайке аз ҷониби офаридгор буда, аз сар задани ягон ҳодисаи хуб ё бад дар ҳаёти шахси хобдида гувоҳӣ медиҳанд.

Акнун меоем сари таъбири хоби шумо. Тавре ки дар хобномаҳо омадааст, бӯғӣ кардани кӯдак ё одами калон дар хоб як навъ огоҳӣ мебошад. Шахсе, ки чунин хоб мебинад, бояд ҳушёр бошад, зеро чунин хоб аз он гувоҳӣ медиҳад, ки душманон дар сари роҳаш чоҳ кофта истодаанд ва мехоҳанд обрӯӣ ӯро резонанд ё ба вай ягон зарар расонанд.

Ғайбдони машҳур Ванга гуфтааст, ки бӯғӣ кардан дар хоб рамзи рӯ ба рӯ гаштан бо ягон одами золим аст, ки ба хотири ба мақсади нопоки худ расидан аз ягон амали бад даст намекашад. Чунин хоб метавонад нишонаи сар шудани давраи санҷишҳои ҷиддӣ дар ҳаёти хобдида низ бошад.

Дар баъзе хобномаҳо омадааст, ки бӯғӣ кардани кӯдак дар хоб нишонаи бартараф намудани монеаҳо ва оғози кори нав аст. Дар як қатор хобномаҳо бӯғӣ кардани кӯдакро дар хоб раҳоӣ аз моҷарое номидаанд, ки чанд вақт боз тӯл кашида, шахси хобдидаро асабонӣ мекард.

Бӯғӣ кардани духтар дар хоб рамзи аз даст додани пули калон будааст.

Кас хоб бинад, ки падар, модар ё ягон одами дигари наздикаш ӯро бӯғӣ карда истодааст, хобаш нишонаи он аст, ки шахси хобдида ба роҳи хато рафта, ягон гуноҳи бузург ё кори бад карда истодааст, ки оқибати нохуб дорад. Агар кас аз роҳи бад нагардад, ба сараш ягон фалокат ё моҷаро омада метавонад.

Хоб бинед, ки дӯсти наздикатон шуморо бӯғӣ карда истодааст, эҳтиёт бошед, зеро шарикатон метавонад дар тиҷорат шуморо фиреб диҳад. Ҳушёр бошед, то бонкрот нашавед.

Зан хоб бинад, ки касе ӯро бӯғӣ карда истодааст, шавҳараш маъшуқа меёбад ва кашмакаш барои бахт сар мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД