toyota motors
Хоҳарашро гирам, ҷӯраам меранҷад?
23.05.2026
Oila.tj
97

Ман як ҷавоне ҳастам, ки чанд вақт боз дар гирдоби ишқу андеша мондаам ва намедонам чӣ кор кунам. Хостам қиссаи диламро навишта, аз хонандагон маслиҳат пурсам.

Ману Бахтиёр аз айёми мактабхонӣ дӯстони ҷонӣ ҳастем. Мо бо ҳам он қадар қаринем, ки мардум моро мисли ду бародар мешиносанд. Падару модари ӯ маро “писарам” мегӯянд, волидони ман ҳам дӯстамро аз фарзандони худ кам намедонанд. Солҳои зиёд нону намак хӯрда, дар ғаму шодӣ паҳлуи ҳам будем.

Аммо тақдир бозии аҷибе кардааст...

Як рӯз пай бурдам, ки нисбат ба хоҳари дӯстам ҳисси дигаре дар дилам пайдо шудааст. Аввал фикр кардам як ҳаваси гузаранда аст, вале рӯз аз рӯз меҳраш дар дилам бештар ҷой гирифт. Ҳоло кор ба ҷое расидааст, ки чеҳраи зебояш лаҳзае аз пеши назарам дур намешавад. Вақте ӯро мебинам, дасту поям меларзад, худро гум мекунам ва намедонам чӣ гӯям. Барои он ки касе чизеро нафаҳмад, эҳсосоти худро пинҳон медорам.

Ростӣ, бисёр мехоҳам ба ӯ изҳори муҳаббат кунам, вале аз дӯстам шарм медорам. Метарсам, ки мабодо фикр кунад ман солҳои дароз ба хотири хоҳараш бо ӯ дӯстӣ мекардаам. Чанд бор ният кардам ба хонаашон хостгор фиристам, аммо боз тарси аз даст додани дӯстам пеши роҳамро гирифт.

Аз тарафи дигар, андешаи он ки ягон ҷавони дигар метавонад маликаи орзуҳоямро аз ман пештар соҳиб шавад, диламро месӯзонад. Шабҳо аз ҳамин фикр хобам намебарад.

Намедонам чӣ кор кунам: муҳаббатамро пинҳон нигоҳ дорам ё бо дӯстам ошкоро суҳбат намоям? Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед.

САИДРАҲМОН, ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД