Sebiston new 2024 october
Хоҳар шавҳари апаро дуздид (қисми 3)
2842

(Идомааш)

-Албатта, албатта, ман шуморо надидаам. Худам бачаҳоямро гирифта бо як мошини роҳгузар ба шаҳр омадам. Ба Рустам ҳамин хел мегӯям,-қавли додаашро ба ёд овард Ҷумъагул.

Маъруф Суҳробу Ҷамшедро эҳтиёткорона аз мошин фаровард ва ба онҳо истироҳати бофароғат орзу карда, ба мошинаш нишаста рафт…

Меҳмонҳои нохонда

Ба лифт ҳамроҳи онҳо зани зебои мўйҳояш зебо буридашудае ҳам даромад ва Ҷумъагул Худоро шукр гуфт, ки танҳо нестанд. «Хайрият, ки Худованд ин занро бо мо ҳамороҳ кард, вагарна ман чӣ тавр истифода бурдани ин қуттичаи оҳанинро намедонистам»,- аз дил мегузаронд ҷавонзани деҳотӣ, ки бори аввал ба шаҳр омада буд. Баъди аз лифт фаромадан ба тарафи рост тоб хўрда, чашми Ҷумъагул ба ҳафт-ҳашт дари якхела афтид, ки аз ҳамдигар дар масофаи ҳамагӣякуним-ду метр ҷойгир шуда буданд. Ҷавонзан ҳайрон монд, ки кадоме аз ин хонаҳо аз они шавҳараш бошад, писарчаҳояш Суҳробу Ҷамшеди хурдакак низ ҳайрон-ҳайрон ба дарҳои якранга менигаристанд. Ҷавонзан бо умед ба атроф нигарист, вале дар роҳрави тангакак ба ѓайр аз онҳо дигар ҳеҷ кас наметофт. Ҷумъагул, ки бори нахуст ба шаҳр омад, чӣ будани занги дарро намедонист, таваккалан дастаи дари якумро кашид. Ба тақдири ҷавонзан дар нимабоз будааст ва бо андаке кашидан кушода шуд. Болопӯши шиноси дар сари мех овезон ва туфлиҳои шавҳарашро дар дами дар дида, Ҷумъагул фаҳмид, ки хато накардааст…

Хиёнат

Хона сеҳуҷрагӣ ва дари яке аз утоқҳо нимкушода буд, вале хона чунон сокит буд, ки паша пар занад, шунида мешуд. Ҷумъагул бачаҳояшро дар дами дар монда, аз роғи дар ба яке аз утоқҳо чашм давонд ва баданҳои ба ҳамдигар часпидаи марду зани урёни дар диван масти хобро дида, ба танаш рашъа дамид. Бо вуҷуди аз тарафи пушташ дидани мард Ҷумъагул шавҳараш Рустамро аз мӯйҳои ҷингилааш шинохт, вале зане, ки дар оғӯши падари фарзандони ӯ хуфтааст, кист? Наход, ин зани беҳаё ҳамон каждуме бошад, ки вай дар оғӯши худ парвардааст?!

«Шок»

Ҷавонзан калавида-калавида дарро кушод ва вориди утоқи хоб гашт. Бо дидани симои зани шавҳардузд вуҷуди Ҷумъагул якбора ях баста ба назараш чунин расид, ки замин дар зери пояш таркида, ба чоҳи бетаге фурӯ меравад. Ҷумъагул сарашро бо кафи дастонаш дошта бо

тамоми овоз фиғон кашид, чунон сахт фиғон кашид, ки дару тирезаҳои хона ба ларза даромаданд. Аз фиғони ҷонкоҳи ӯ марду зани дар диван хобида талхакаф шуда, парида аз ҷояшон хестанд. Духтар бадани монанди шир сап-сафедашро бо ҷойпўш пинҳон карда, дарақ-дарақ ларизад истода бо ӯ бо назари даҳшат менигарист. Чашмонаш аз шиддати тарс аз косахонаи сараш қариб баромада буданд. Ҷумъагул бо дарду алам ба чеҳраи шавҳардузд нигариста, базӯр зери лаб ғурунгид:

-Садқаи одамгарӣ шавӣ кӯрнамак, охир ман туро рӯйи даст бардошта, калон кардаам. Магар подоши ҳама некиҳоям ҳамин аст? Дигар одам наёфтӣ, ки бо…

-Апа, ман… ман… ман…

-Апа нагӯй, ман хоҳар-поҳар надорам! Хоҳарам чандин сол пеш дар заҳдони модарам мурда буд…

Ҷумъагул мисли дигар занҳои хиёнатдида аз гиребони духтари беҳаёи шавҳардузд нагирифт, мӯйи сарашро қабза-қабза канда, сару рӯяшро хуншор накард, ҳаққу ҳамсояҳоро ҷеғ зада ӯро зада-зада шармандавор аз дар берун накард, ҳарчанд тамоми вуҷудаш мисли гулхани сӯзон месӯхт…

Алами ҷигарсӯз

Зане, ки хонаи дилу хонаи бахти ӯро оташ зад, бегона не, хоҳараш Наргис буд ва ин ҳақиқати талх як алами Ҷумъагулро сад алам мекард. Хиёнати ду инсоне, ки ҳаёташро бе ҳардуи онҳо тавассур карда наметавонист, ҷавонзанро рӯҳан кушта, тамоми зиндагиро дар назараш пучу бемаънӣ гардонида буд. Дунё дар назари Ҷумъагул як холигии бе интиҳое менамуд, ки на оғоз дорад, на анҷом, на эътимод. Ҷавонзан дигар касею чизеро эҳсос намекард, вай ҳатто ду фарзанди гул барин зебояшро, ки фориғ аз ин ҳама моҷаро дар рӯйи гилеми долон кайҳо хобашон бурда буд, аз ёд бароварда, девонавор худ ба худ олоӣ мегуфт ва лабони зебояшро чунон мегазид, ки хун мебаромад. Рустам дар пеши пойи занаш ба зону афтида зориву тавалло кард, ки аз гуноҳаш гузарад, вале ҷавонзан ба рӯйи шавҳари хиёнаткораш ҳатто нимнигоҳе ҳам накард. Ҷумъагул шавҳарашро номард нахонд, дашному ҳақорат накард, аз суду проокурор натарсонд, вай ҳатто ҳайфи ту нагуфта, сарашро дошта, калавида-калавида аз дар баромад…

Парвоз аз ошёнаи 7-ум

Ҷумъагул чӣ тавр ба балкон баромаданашро ёд надорад. Аз ин баландӣ ситораҳо дар назараш мисли сангчаҳои даврони кӯдакиаш метофтанд. Ана онҳо-духтарони ба мўйҳояшон ҷамолакбофтаи деҳотӣ сангчабозӣдоранд. Ҷумъагул дастонашро дароз карда, барои чидани ситораҳои осмонӣ кўшиш намуд, вале натавонист. Сангчаҳои ӯро духтари моҳире чида гирифт. Ҷумъагул ӯро дарҳол шинохт-ин духтари чолок хоҳараш Наргис буд, ки аз баландӣ мағрурона ба ӯ нигариста писханд мезад. «Ҳозир ман ба ту сангчабозиро нишон медиҳам»,- инро гуфта Ҷумъагул бо як ҳаракати тез ба болои курсии нишастааш баромад ва аз девори балкон ба берун пой гузошт…

Аҷоиб… Ў дар умраш бори аввал парвоз карда истода ба тарафи ким-чӣ хел холигӣпарида мерафт. Ситораҳои осмон ҳамоно дар назараш мисли сангчаҳои сангчабозӣменамуданд…

Ормонӣ

Саҳарӣзанҳои кӯчарӯб ҷасади дар хоку хун оғуштаи Ҷумъагулро пайдо карданд. Кафи дастони ҷавонзан чунон маҳкам баста шуда буд, ки гӯё дар кафаш ганҷи ноёберо пинҳон карда бошад. Шояд дар кафаш ҳамон сангчаҳои хаёлие буданд, ки пеш аз парвози аввалину охиринаш Ҷумъагули ормонӣ аз осмон чида буд…

Анҷом!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД