Arzon march 2024
ХОҲАР БА ХОТИРИ ҶАВОНИ ДӮСТДОШТААШ АПААШРО КУШТ
04.03.2021
ОТИФ
5894

Дар ҳамсоягии духтарон ҷавонписари ситорагарми дилкаше зиндагӣ мекард, бо номи Шокир. Чор сол муқаддам оилаи Шокирино аз ноҳияи дурдасти кӯҳистон ба инҷо кӯчида омада буданд.

Шокир-кӯҳистонибачаи соддафеъли боодобе буда,кори ба ӯ фармудашударо бо майли том ва беминнат ба ҷо меовард. Ӯ мисли бачаҳои шаҳрӣ олуфтаю мағрур набуд. Қабеҳ намегуфт. Рафтору кирдори хуб дошт. Ана ҳамин бачаи 23-сола Маликаи 20-соларо дӯст дошт. Малика пештар ба Шокир чандон аҳамият намедод.Суханашро беҷавоб мегузошт, ба гаппарониҳои боодобонааш бо тундӣ посух мегардонд. Ин духтари танноз ҳатто тасаввур карда наметавонист,ки рӯзе мерасаду ғуломи ишқи кӯҳистонибача мешавад ва ин ишқ,ки аз рашку бухлу нотавонбинӣ ба амал омадааст, ӯро шармандавор қурбон месозад. Ҳамон айёме ,ки Шокир дар ишқи ҷононаи ваҳшитабиат месӯхт, духтари дигаре муҳаббати ӯро дар дилаш мепарварид ва бо назаррабоиҳо дили ҷавонро моили худ гардондан мехост. Ин духтар Оқила ва хоҳари Малика буд. Аммо чӣ мегӯед, ки дар дили Шокир барои ишқи дуввум ҷое набуд. Чун ишқашро Малика напазируфт,Шокир маҷбур шуд аз ҳиссиёташ модарашро огоҳ созад. ”Духтаракони ҷангараю мағруранд онҳо “-гӯё модар дили писарашро аз ин духтарҳо хунук карда н хост, вале Шокир тақозои ҳарчи тезтвар ба хостгории Малика рафтани модарашро намуд. Модар хоҳиши фарзандашро рад накард,аммо ҷавоби рад гирифта, ба хона баргашт.Паи қадами ин хостгорон нек баромаду ба Малика аз маҳаллаи боло хостгорони дигар омаданд. Онҳо аз хешовандони дури бобои Самад буданд. Гуфтанд, ки домодшаванда хатмкунандаи донишгоҳ буда, дар як вақт дар компанияи мобилӣ ҳамчун оператор кор мекардааст. Сураташро дидан баробар, Малика шефтаю шайдои хешписар гардид. Маслиҳат карда, тӯйи фотеҳаро ҳам гузарониданд. Аммо тӯйро то тирамоҳ мавқуф гузоштанд,чунки ҳарду ҷониб ҳам ба тӯй тайёрии пухта надида буданд. Шокирро фотиҳашавии Малика ба ҷавони дигар ба риққат овард.Ӯ ба худ ҷои нишаст намеёфт ва чун мурғи посӯхта ин тарафу он тараф медавид. Вай ҳанузам ба умед буд. Акнун руирост ба хонаашон омада мерафт. Маврид ёфта ба духтар ваъдаҳои болохонадор медод. “Ту танҳо бо ман хушбахт мешавӣ”-мегуфт. Оқила аз бепарвоии апааш ва номзад шудани ӯ истифода бурда, худро ба Шокир наздик карданӣ мешуд. Мегуфт, ки ишқаш аз ӯ рафтааст ва ишқи ҳақиқию самимӣ фарогираш аст.


Рӯзҳо паи ҳам рафта,тирамоҳ наздик меомад. Шокир ба гапи модараш “шавад обӣ, нашавад лалмӣ” гӯш дода, бо Оқила вомехӯрдагӣ шуд.Оқила аз ишқбозиҳояш, бӯсу канорашон бо ҷавон ба апааш нақлҳои аҷоибу ғароиб мекард. Мегуфт,ки мисли Шокираш дар рӯи замин ҷавоне нест. Ӯҳдабаро,хушрӯй, қобил, меҳрубон. Оқила ба Шокир шавҳар карда, аз назди падару мдараш дур нахоҳад рафт,чунки онҳо ҳамсояанд. Дар ин шаш моҳи дар фотиҳа қарор доштани Малика Оқила тавонист Шокирро пурра мутеи ишқи худ гардонад. Малика,ки то ин дараҷа лаззат доштани ишқро нафаҳмида будва намедонист,ки шавҳаршавандааш чи гун ҷавон аст, ба хушбахтии хоҳараш аввал ҳавас, баъдан ҳасад мебурдагӣ шуд. Чун ҳар вақта як субҳ Малика ба рӯбучини саҳни ҳавлӣ машғул буд, ки баногоҳ сангчаеро ба пеши пояш ҳаво доданд. Малика сар боло карда, дар дами дар суроберо дид.Субҳ аллакай дамида,вале аҳли оилаашон ҳанӯз аз хоб барнахоста буданд. Малика кунҷкобона ба дами дарвоза рафта, аз роғи он ба берун нигоҳ кард. Шокир бо рӯдача кӯчаро об мепошид. Малика аз дар берун омад. Чашми ҷавонон ба хӯрд. Ҳарду ҳам лол шуданд.Аммо нигоҳҳои пур аз муҳаббат,табассуми малеҳ беихтиёр онҳоро ба ҳам наздик намуд.

ДАВОМАШРО ФАРДО ШАБ СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР БОШЕД!


Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД