arzon replenishment
Хизматрасониҳо барои саломатии модару кӯдак дар Тоҷикистон беҳтар мешаванд
714

Дар натиҷаи ҳамкориҳои судманд байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд аз ҷониби Бонк маблағи грантии 30 миллион доллари ИМА барои Лоиҳаи беҳтар намудани хизматрасониҳои ҳифзи саломатии модарону кӯдакон дар се ноҳияи кишвар - Айнӣ, Данғара ва Дарвоз тасдиқ гардидааст.

Бино ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи мазкур сохтмони як таваллудхонаи дорои 40 кат дар ноҳияи Айнӣ, таваллудхонаи дорои 80 кат дар Данғара ва беморхонаи дорои 100 кат дар Дарвоз бо таҷҳизонидани технологияҳои гармидиҳӣ ва хунуккуниро дар бар мегирад.

Ҳамзамон, лоиҳа ҷиҳати баланд бардоштани донишу малака дар бораи саломатии модару кӯдак, ки ба хизматрасониҳои тиббӣ мусоидат мекунад, кумак хоҳад кард.

Лоиҳаи тасдиқшуда идомаи марҳилаи навбатии лоиҳаи “Кумаки ҳамаҷониба дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдак” ба шумор меравад, ки аз соли 2018 барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияҳои Файзобод, Рашт ва Шамсиддин Шоҳин амалӣ гардида истодааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД