Sebiston new 2024 october
Хизмати ҳарбиро дар кадом ҳолатҳо ба таъхир мегузоранд?
10.05.2024
ОИЛА.ТҶ
352

Ман модари чор фарзанд ҳастам, шавҳарам чор сол пеш фавтида буд. Писари калониям имсол 19-сола мешавад, се фарзанди дигарам ноболиғ ҳастанд. Писарам ягона таъмингари оилаамон аст. Оё писарамро ба хизмати аскарӣ мебаранд? Мо ҳуқуқ дорем муҳлати даъват ба хизмати ҳарбиро ба таъхир гузорем?

Хонандаи Oila.tj

Посух:

Метавонед фарзанди калониатонро ҳамчун сардори оила ва таъмингари оила гузаронида, бо Қарори мақомоти васоят ва парасториии Ҳукумати маҳалли зистатон ва ё Қарори суди ноҳияатон якчанд сол адои хизмати ҳарбиро ба таъхир гузоред. Дар сурате, ки агар боз як фарзанди дигаратон писар бошад, ягонтоашонро яккаписар гузаронида, аз хизмати ҳарбӣ озод карда наметавонед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД