Вазорати мудофиа аз фоизи иҷрои нақшаи даъват ба хидмат дар давоми 10 рӯзи он хабар дод.
Ба иттилои ин ниҳод, бо оғоз гардидани даъват нахустин шуда, Бадахшон нақшаашро пурра иҷро кард.
“Ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод ва Тоҷикобод низ дар рӯзи нахустин нақшаро сад фоиз ба анҷом расониданд. Иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеъ ба 55 фоиз баробар аст”,- навишт сомонаи расмии вазорат.
Дар рӯзи аввали даъват ноҳияҳои Вахш, Фархор, Хуросон, Муъминобод, Н. Хусрав ва шаҳри Нораки вилояти Хатлон низ аз анҷоми даъват гузориш доданду дар вилоят иҷрои нақша 62 фоиз аст.
Нақша дар Суғд 36 ва дар Душанбе 30 фоиз иҷро шудааст. Ҳамин тавр, давоми 10 рӯз дар ҷумҳурӣ беш аз 50 фоизи нақша иҷро шуда, 21 шаҳру ноҳияҳои мамлакат онро пурра иҷро кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси Фармони Президенти кишвар аз 5-уми марти соли 2024 шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 ба хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд. Маъракаи даъват аз 1-уми апрел оғоз шуда, то 31-уми май идома мекунад.