Ҳасани Назар, сарбози қисми ҳарбии №13483-и Данғара дар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» ғолибият ба даст оварда, ҳамаро қоил кард.
Дар шароити имрӯза, ки аксари ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ мегурезанд, соҳиби шоҳҷоиза гаштани ин ҷавони сарбоз корнамоии ҳақиқӣ аст. Ҳасан исбот намуд, ки шароити хизмат дар қисмҳои низомӣ на танҳо хуб аст, балки кас метавонад ҳатто барои китобхонӣ вақт ёфта, савияи дониши худро баланд бардорад ва ҷаҳони маънавиашро ғанӣ созад.
Ҳасани Назар дар сӯҳбат бо хабарнигори сомонаи Оила. тч ба Пешвои миллат-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳои арзанда барои хизмати сарбозон миннатдорӣ баëн намуда, гуфт:
«Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва заҳматҳои ҳамешагии Пешвои миллат имрӯзҳо дар тамоми қисмҳои низомӣ барои обутоби бадан ва сайқал додани дониш шароит муҳайë шудааст.
Ҳамин аст, ки дар баробари хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҳамзамон дониши худро сайқал дода, сазовори «Шоҳҷоиза» ва 70000 сомонӣ гардидам».
Ҳасан мегӯяд, дар қисми низомӣ китобхона фаъолият менамояд, ки сарбозон дар вақтҳои муайяншуда дар он ҷо ба мутолиаи китобҳои гуногун машғул мешаванд. Новобаста ба сарбозӣ ва масъулияти ҳифзи Ватанро бар дӯш доштан, агар шахс завқу шавқи китобхонӣ дошта бошад, фурсат ёфта, китоб хонда метавонад.
Барандаи шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» Ҳасани Назар соҳиби шоҳҷоиза гашта,бо 70000 сомонӣ ба хона бармегардад ва ба дигар ҷавонон низ тавсия медиҳад, ки вақти худро ба корҳои беҳуда сарф накарда, бештар китоб хонанд.
«Ватандорӣ танҳо барои ҳифзи Ватан ба даст яроқ гирифтан нест.
Ман ҳамчун сарбози Ватан натанҳо барои ҳимояи он камар мебандам, балки барои пос доштани арзишҳои миллати худ саъю талош намуда, ҳамчун фарзанди дилбандаш пайваста ба мутолиаи таърихи ниëгон мешавам ва барои пешрафташ хизмат мекунам,- мегўяд Ҳасан Назар.
Дар баробари Ҳасани Назар, хабарнигори сомонаи Оила. тч ҳамчунин бо Оламафрӯзи Илҳомҷон, донишҷӯйи курси 2-юми Донишгоҳи давлатии Данғара, ки дар озмуни мазкур соҳиби ҷойи 3-юм гашта буд, сӯҳбат намуд. Оламафрӯз мегӯяд:
“Барои гузаштаи ниёкони хешро омўхтан пайваста китобҳои таърихиро аз хўрдӣ мутолиа менамудам ва талошҳояш самар оварданд.
Ҳарчанд ки рақибони зиёде доштам, вале тавонистам, ки сазовори ҷойи 3 гардам»
Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» соли аввал аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Озмун ба дарёфти чеҳраҳои нав, наврасону ҷавонони лаёқатманд, худшиносу худогоҳ, ватандӯст ва таърихдон мусоидат менамояд.