arzon replenishment
Хирашавии чашм ва сустшавии хотира нишонаи норасоии витаминҳо аст?
708

 

Салом! Вақтҳои охир хотираам хеле суст шудааст. Чизеро дар ягон ҷо монам, баъди 1-2 соат ба ёд оварда наметавонам, ки онро куҷо гузошта будам. Дасту пойҳоям гоҳ-гоҳе сусту карахт, чашмонам хира мешаванд ва худамро бениҳоят беҳолу бемадор эҳсос мекунам, вале ягон ҷоям дард намекунад. Сабаби ин ҳолат дар чӣ бошад?

Сабоҳатхон аз Файзобод

Посух

Зуд-зуд карахтшавии дасту пойҳо ва беҳолию бемадорӣ аз норасоии витаминҳо дар ҷисми инсон дарак медиҳад. Суст шудани хотира ва дилзании бошидат бештар бар асари норасоии витамини В1, ки онро “Тиамин” меноманд, ба вуҷуд меояд. Хирашавии нури чашмон, зуд хаста шудани чашм ва пайдо шудани тарқишҳо дар сири дандон нишонаи норасоии витамини D мебошад. Маъмулан дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон миқдори витаминҳо дар ҷисми инсон кам шудан мегирад. Барои он ки ҷисми шумо дар ин айём аз витаминҳо танқисӣ накашад, бештар меваю сабзавоти тару тоза хӯред. Аммо барои эҳтиёт як маротиба ба духтур муроҷиат намуданатон зарур аст, агар натиҷаи ташхис нишон диҳад, ки шумо ягон беморӣ надоред, танҳо бо қабули витаминҳо ва хӯроки серғизо ҷисматонро пурқувват гардонида, худро солим ва бардам эҳсос хоҳед кард.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД