arzon replenishment
ХЕШУТАБОРЧИГӢ ДАР БАДАМ ЗАДААСТ!
4604


Ба холаам келин шудам. Зиндагиамон аз оғоз хуб буд. Ҳар гоҳ, ки шавҳарам аз кор дер ояд, кӯчагардӣ кунад ё машрубот нӯшад, хушдоманам ӯро ҷанг мекард. Шояд сахтгирии ману модараш ба дилаш зад, ки шавҳарам зани дигар гирифт.

Ману хушдоманам дар корхонаи бародари калониам кор мекунем. Бародарам ба ман сарварии шӯъбаи кадрҳоро бовар кардааст. Ҳоло додаршӯям мехоҳад ӯро ба кор гирем. Бо бародарам маслиҳат кардам, рӯихотири писархола карда «Худат медонӣ, омӯз», -гуфт.

Медонам, ки додаршӯям шахси бемасъулият ва бар замми ин арақхӯр аст. Агар ӯро ба кор қабул накунам, холаам фикр мекунад, ки қасди бародарашро мегирам, агар ба кор қабул кунаму ба кор бесалоҳиятӣ кунад ё машрубот нӯшида ояд, ҳамкоронам мегӯянд, ки ман хешутаборчигӣ кардам. Пас обрӯям чӣ мешавад?
Боқиева Мастона, 38 сола

МАСЛИҲАТ:
Мутаассифона, на ҳамеша барои дигарон хуб шудан муяссар мегардад. Шумо имрӯз дар ҳолати аҷибе қарор доред. Дар наздатон интихоб ҷиддӣ истодааст: муносибати хуб бо хола-хушдоман ва вазифаи ба шумо боваркардашуда. Шумо чи коре ҳам кунед, шанси норозӣ мондани яке ҳаст, бинобар ин, ҳамаро дар тарозуи ақлатон ғунҷонда, нағзакак баркашед.

Масалан, ба боварии бародаратон раҳмат гӯед ва хоҳиш кунед, ки ҳамчун сардор бо додаршӯятон худаш машғул шавад. Дар сурати боз ҳам ба шумо вогузор шудани кор, бо холаатон маслиҳат кунед, гӯед, ки хешутаборӣ гуфта обрӯи коргоҳро дар назди дигарон паст карданӣ нестед. Холаатон шуморо мефаҳмад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД