Tayron Test For
Хеши зан қайла бизан, хеши шӯ, коса бишӯ
3093

Бисёриҳо бар он андешаанд, ки хешовандони зан дар ҳама маъракаҳо назар ба пайвандони шавҳар боқадртару бологузар ҳастанд, зеро мардро шоҳи хонадон хонанд ҳам, аслан ҳама чиз дар дасти вазир, яъне бонуи хонадон аст ва ҷойгоҳи ҳар меҳмонро танҳо зан муайян мекунад. Дили кадбону хоҳад, хешу ақрабои шавҳарашро биё мегӯяд, нахоҳад дар пешаш ҳатто як пиёла чой ҳам дам намекунад.

Ин андеша то куҷо асос дорад? Бо ин савол мо ба чанд нафар муроҷиат намудем. Биёед бубинем, ки мусоҳибони мо чӣ мегӯянд!

Назаралӣ Ғиёсев, роҳгузар:
Дар пеши хеши зан чорқат намешавам

Ростӣ, ман байни хеши худаму хеши занам фарқ намегузорам. Меҳмон касе, ки набошад, қадру қимматашро донистан лозим аст, чунки меҳмонро атои Худо гуфтаанд. Меҳмон, ки аз дар даромад, ҳамроҳаш ризқу рӯзӣ ва файзу баракат медарояд. Бисёр мардонеро медонам, ки дар назди хешу табори занашон чорқат шуда салом медиҳанду бо ширу мурғу ҷигари булбул зиёфат медиҳанд, вале хеши худашон биёяд, биёи дуруст ҳам намегӯянд. Ман меҳмонро ҳамеша бо чеҳраи кушода пешвоз мегирам, вале хеши занам хурсанд шавад гуфта ҳеҷ гоҳ ҷонамро дар азоб намегузорам. Шарт нест, ки хеши зан танҳо қайла занад, ҳарчи дорам, ҳамонро наздаш мегузорам. Дар умрам ягон бор дар пеши хеши зан чорқат нашудаам ва намешавам!

Дилдора Раҳмонова, доруфурӯш:
Ба мо дегу табақшӯйӣ мерасад

Дар таҷрибаи зиндагии худамон ман ба дурустии ин масал сад дар сад боварӣ ҳосил кардам. Мард аз хона берун асту тамоми чизу чораи хона дар ихтиёри зан, чӣ тавре ки хоҳад, ҳамон тавр сарф мекунад. Занҳоеро медонам, ки наздикони худро болошин мекунанду хешу табори шавҳарашонро ба як пули пучак ҳам намегиранд, хеши мард аз дар дарояд, дарҳол қошу қавоқашон овезон мешавад. Намедонам хушбахтона ё бадбахтона, дар зиндагии мо ҳамааш баръакс буд, падарам ба хонаамон омадани хешу табори модарамро намехостанд. Авлоди модарам меҳмонӣ биёянд, падарам рӯйи хуш намедоданд. Дар тамоми маъракаҳои мо амаку аммаҳоям болонишинанд. Модарам чизе гуфта наметавонад. Дар хонаи амакам бошад, баръакс, хешу табори занаш пайваста қайла мезананду ба мо танҳо дегу табақшӯйӣ мерасад. Қаҳрамон омада бисёр вақт ба маъракаҳояш ҳам намеравем. Ба фикри ман ҳамааш аз марди хона вобаста аст, ки хеши зан бологузар мешавад ё хеши худаш.

Суҳайло Алимардонова, хонашин:
Хеши шавҳарамро чашми дидан надорам!

Ман ба як шарт дар ин бора гап мезанам, ки ному насабамро дигар карда суханҳои маро чоп кунед, то хешу табори шавҳарам белу каланд гирифта ба сарам наоянд.

-Мо розӣ, ному насабатонро дигар мекунем!

Росташро гӯям, ман хешу табори шавҳарамро чашми дидан надорам. Медонед барои чӣ? Ҳамаашон ғайбатчию туҳматчианд, дар куҷое бишинанд, гапи маро мегӯянд. Албатта одам душманашро бо нуқлу набот пешвоз намегирад, хешу табори шавҳарам, ки аз дар даромаданд, табъам хира мешавад. Базӯр саломашонро алек гирифта ягон шӯрбои шӯр ё оши бенамак пухта дар наздашон мегузораму худо мегӯям, ки тезтар баромада раванд. Хешу табори худам меҳмонӣ биёянд, дилам боғ-боғ мешукуфад. Сарамро ба сад дар зада дар наздашон дастурхони пурнозу неъмат меороям, то нагӯянд, ки камбағал будааст. Хоҳару бародаронам ягон бор аз хонаи ман бе гӯштбирёну мурғкабоб нарафтаанд. Хешовандонамро баъзан ҳафтаҳо дар хонаам нигоҳ дошта меҳмондорӣ мекунам.

-Шавҳаратон чизе намегӯяд?

-Э не, шавҳари ман як мардаки гаранги танбалу хоболуд аст, ба ин чизҳо аҳамият намедиҳад!

Ёрмуҳаммад Раҳимов, сохтмончӣ:
Хеши шавҳар, ки омад, кризис сар мешавад

Росташро гӯям, ман аз хеши зан безор шудаам, чунки рӯзе нест, ки ягон хешу табори янгаҳоям «ассалому алайкум» гуфта аз дарамон надарояд. Янгаҳоям хешу табори худро бологузар карда дар як дам мағзу чағз, қанду қандалот, хуллас, тамоми нуқлу навои дар хона бударо дар назди меҳмонашон мегузоранд ва дарҳол аз паси ошпазӣ мешаванд. Хешу таборашон меҳмонӣ биёяд, ончунон чаққон мешаванд, ки ногуфтанӣ, вале хешу ақрабои мо, ки аз дар даромад, қошу абрӯ парронда бо дили нохоҳам ду нону як коса ҷурғот ва як чойник чойро оварда мемонанду кӯдаконашонро баҳона карда ба хонаҳои худашон медароянд. Барои чӣ назди меҳмон ҳеҷ чиз наовардед гӯед, дарҳол бидиррос мезананд, ки дар хона ҳеҷ чиз нест, чиро биёрем?! Барои авлоди худашон чиз меёбанд, хеши мо, ки аз дар даромад, ҳатман «кризис» ва «дефитсит» сар мешавад. Барои ҳамин ман ҳамеша ба занам таъкид карда меистам, ки феълу рафтори занҳои бародаронамро ёд нагирад. Фарқ надорад, ки хеши кист, меҳмон, ки аз дар даромад, бо лабони пурханда пешвоз гирифта ҳама чизи бударо дар наздаш гузорад, то ҳамон одам хурсанду шод аз хонаи мо равад.

Гадоев Исо, ронанда:
Хешовандони занам маро хонагурез карданд

Мардуми мо одати аҷибе доранд, ваќте ки зану шавњар аз хонаи хусуру хушдоман људо шуда, мустаќилона аробаи зиндагии хешро пеш мебаранд, яъне дар як гӯшаи шањр ё ноњия хона мегиранд, пеш аз њама хешу табори зан барои муборакбодӣ меоянд. Ҳар маъракае, ки шавад, хешу табори зан як ҳафта пеш ҳозир мешаванд ва то омадани хешовандони мард дегу табақро мелесанд. Ин гапҳоро аз ҳаво не, аз таҷрибаи зиндагии худам мегӯям. Ман навакак дар мањаллаи Каленин хона харидам, вале аллакай аз он ки аз ҳавлии падарам баромадам, пушаймонам, чунки хешу табори занам ба ҷонам расонданд. Ваќте ки дар хонаи падарам зиндагӣ мекардем, хешу аќрабои занам авлоди маро чашми дидан надоштанд ва бо ҳамин сабаб қариб, ки рафту омад намекарданд. Аз рӯзе, ки хона харидам, пою қадамашон кушода шуд. Бовар кунед, аз дасти ин меҳмонҳои нохонда ҳатто бо занам озодона суҳбат карда наметавонам, чунки рӯзе нест, ки ягон хешаш ба меҳмонӣ наояд. Њар кас мехоњад баъди кор дар хонааш пояшро баҳузур дароз карда дам бигирад, бо занаш ягон рози дилашро бигӯяд, навозиш кунаду меҳрубонӣ бубинад, вале умри мо бо меҳмонқабулкунию меҳмонгуселронӣ гузашта истодааст. Хешовандони занам маро хонагурез кардаанд, агар ҳамин тавр рафтан гирад, намедонам оқибаташ чӣ мешавад…

Қосимов Ш, донишҷў:

Янгаамро волидонаш бева карданд

Як ҳодисаи воқеиро нақл мекунам. Зани бародарам нисбати шавҳараш ва умуман аҳли оилаи мо бисёр беҳурматӣ мекард. Ба ҷойи духтарашонро насиҳат кардан падару модараш янгаамро мудом балво медоданд. Вақте, ки бародарам ба зављааш чизе мегуфт, ҳанӯз гапаш ба охир нарасида, ҳамсараш бидирросзанон ба гапгардонӣ медаромад. Бародарам аз ин зани ҷаккок безор шуда кайҳо ҷавобашро доданӣ буд, вале волидонам «зиндагиатро вайрон накун, ягон рӯз ақлаш медаромадагист» гӯён, ӯро насиҳат мекарданд. Дар арафаи иди Рамазон акаам занашро ба хонаашон меҳмонӣ бурду пас аз се рӯз барои оварданаш рафт, вале падару модарашон иљозат надоданд. Ҳафтаи дигар бародарам боз роҳи хонаи хусурашро пеш гирифт, аммо ин дафъа ҳам худаш танҳо баргашт. Ҳамин тавр се маротиба шавҳараш барои оварданаш рафта бошад ҳам, янгаам ба хона бар нагашт. Ба ҷойи барои ободии оилаи фарзандашон кӯшиш кардан волидонаш баръакс зӯрӣ карда бародарамро тарсонданӣ шуданд. Қаҳраш омада талоқи занашро дод. Бародари ман мард аст ва худо хоҳад, боз бахташро меёбад, вале тақдири зани бефаросаташ чӣ мешавад, худо медонад! Сарнавишти акаву янгаамро барои он нақл кардам, ки ба дигар занон ва падару модаронашон дарси ибрат шавад ва хонаи худро бо дасти худ вайрон накунанд!

Поделиться новостью
Шарҳ
(9)
Zara 2020-04-21, 10:12
E shumo xudaton ganda....
Посух
Гулпари 2020-04-21, 12:39
Ман ба ин масали хеши зан қайла бзан хеши шу коса бушу рози нестам дар зиндаги дидам хеши зан танҳо коса мешушт ва дидам хеши шу ҳам коса мешушт ин гапҳо ҳама сафсата аст. Ин вобастаги ба ақлу фаросати зан ва марди оила дорад. Мисол миёрам худи ман вақте хеши шавхарам меоянд ҷои шиштанашонро намеёбам аз тамоми чизи дунё барояшон муҳайё мекунам ҳатто аз чанд мағоза қарздор мешавам.вақте хеши худам биёд то ҳол надидам ки шавҳарам 1 кило гӯшт ё як кило мева биёрад чизеки дар хона бошад ҳамонро ба пешашон мегузорам
Посух
Шахбоз 2020-04-21, 20:38
Аслан гап дар дахони мард аст ва он метавонад зиндагиро рохбалади кунад. Вакте занро ба руяш як ду бор хандиди аз худ меравад. Барои хамин мард бояд мард бошад ....
Посух
Зарина Кадырова 2020-04-23, 18:01
Хастар инхелио занхо, ки хеши худаш биёд мехмони хама чия мухайё мекунад, лекин хеши шуш биёд нодонак мешаду мепурсад, ки чи пазаам? Нодонак мешаду хайрон, ки чи пазад. Охир фарк чист аз харду тарафам мехмон мехмон аст. Мехмон атои Худост!
Посух
Масъуд Максудов 2020-04-23, 18:02
Комментария для Сухайло хонанишин. Бар падарат лаънат ту барин зана. Чӣ коре ки накуни ҳамма савол ҷавоб дорад, ҳамма кор оқибат дорад, ҳамма давра охир дорад, ту ҳамин кора карда бо шабона нағз хоб мекардагитба гап нест. Баъд бо як савол... Ҳамин хел шуйи ЛАТТА чизева даркор тува?
Посух
Нури Адолат 2020-04-23, 18:02
Вобаста аз муомилаи оилавӣ дар зиндагӣ мебарад.Шахсоне ҳастанд ки андеша накарда аз паша фил месозанд,зеро хабар барӣ барояшон одат ҳаст.Амм барои мардуми тоҷики аслии мусӯлмон хислати покиву некӣ ва иродаи инсонӣ дар доираи эҳтирому ҳурмати зану шавҳардорӣ аз рӯи одоб дар оила агар риоя шавад,ҳеҷгоҳ чунин хатогиҳо набояд сабабгори монеаҳо шаванд.
Посух
Shahlo Boboeva 2020-04-23, 18:02
Махфират Муминова хаст хамин хел мардхо агар занаш нахохад маракада таклиф намекунад .
Посух
Махфират Муминова 2020-04-23, 18:03
бе шухиии? 😮 Кавракама меканан, хамин хел кунам 😂😂😂
Посух
Shahlo Boboeva 2020-04-23, 18:03
зане ки хешовандони шахвараша хурмат накунад у худаш дар назди фарзандонаш бекадр мешавад дар оянда .Худо инсоф тияд занхоя
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД

Tayron Test For 2