Sebiston new 2024 october
Сатҳи оби «Норак» баланд шуд. Лимити барқ анҷом меёбад?
1930

 

Ширкати “Барқи тоҷик” аз баланд шудани сатҳи об дар обанбори “Норак” хабар додааст. Гуфта мешавад, ки сатҳи об назар ба ҳафтаҳои пешин ҳудуди 0,79 метр боло рафтааст.

Аввали моҳи апрел сатҳи обанбор 857,65 метрро ташкил медод, вале баъди боришоти рӯзҳои охир он ба 858,44 метр расидааст.

Ба иттилои “Барқи тоҷик”, ҳолати сатҳи оби обанбор рӯй ба беҳбудӣ оварда, тағйироти мусбат эҳсос мешавад.

Ёдрас мешавем, ки қаблан сатҳи об дар обанбор 50 метр камтар буд ва ба ҳамин хотир реҷаи таъмини аҳолӣ бо барқ на ҳамеша риоя мешуд.

Бо сабаби зиёд шудани боришот дар рӯзҳои охир сатҳи об баланд шуда, таъминоти аҳолӣ бо барқ нисбатан беҳтар гаштааст. Умед аст, ки бо баландтар шудани сатҳи обанбори “Норак” мушкили таъмини мардум бо барқ аз байн меравад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД