Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 22-ЮМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2024
3058

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Ҳар қадаре ба нуқтаи назари атрофиён диққат диҳед, ҳамон андоза табъатон хира мегардад. Андешаҳои худро возеҳу равшан иброз намоед, он гоҳ диққати нафарони баобрӯро ба худ ҷалб месозед. Қаҳру ғазаби худро ба сари аҳли оила нарезед. Вохӯрии ошиқона ё хотирмон имкон дорад. Нисбати саломатии худ бодиққат бошед, хӯрокҳои сабук истеъмол кунед.

Савр (21 апрел-22 май)

Сари қарори муҳиме омаданро маслиҳат намедиҳем, зеро дар ин рӯз корҳоятон барор намегиранд. Имкони бо ҳамкорон ё роҳбарият муноқиша карданатон вуҷуд дорад. Дар ҳаёти оилавӣ мушкилиҳои зиёд пеш омада, аз серкорӣ роҳи коратонро гум мекунед. Асабонияту хастагӣ ба вазъи саломатиятон бетаъсир намемонад. Муносибатҳои ошиқонаатон хуб аст.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Дар ин рӯз хатари гум кардани маблағи калонатон вуҷуд дорад. Ҳамёну ҷувздон ва кортҳоятонро эҳтиёт кунед. Табъатон дар давоми рӯз чанд бор тағйир меёбад, аз ин лиҳоз, аз ҳар кори ночиз асабӣ шуданро маслиҳат намедиҳем. Дар ҳар коре, ки имрӯз анҷом доданӣ мешавед, танҳо ба қувваи худ умед набандед, кӯмаки атрофиён айни муддао мегардад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз кӯшиши ба дӯстдоштаи худ изҳори муҳаббат карданро накунед. Беҳтараш бо кору бор ва мушкилиҳои оилавӣ машғул шавед. Дар ҷойи кор нобарориҳо ҳамсафаратон гашта, хатари бо ҳамкорон муноқиша карданатон зиёд аст.  Асабоният ба саломатиятон таъсири манфӣ мерасонад.

Асад (23 июл-23 август)

Аз рафтору кирдоратон дар ин рӯз бисёр чизҳо вобастагӣ дорад. Ба эҳсосот дода нашавед ва ба садои қалби худ гӯш андозед. Агар назди компютер зиёд менишаста бошед, зуд-зуд аз ҷоятон хеста, қадам заданро фаромӯш накунед. Изҳори муҳаббат кардани яке аз ҳамкоронатон боиси пайдо шудани гапу калочаи зиёд мегардад.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз тавре рафтор мекунед, ки гӯё дигарон бояд дар наздатон таъзим намуда, гуфтаҳоятонро иҷро намоянд. Беҳтараш ғурури худро як сӯ гузошта, аз пайи кор шавед, вагарна меҳрубонии сардор ба ғазаб мубаддал мегардад. Ҳар қадаре бо дӯстон самимӣ бошед, ҳамон андоза муносибатҳоятон мустаҳкам мегарданд. Хабари ногаҳонӣ боиси сарфи зиёд кардани маблағ мегардад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз ба хотири оштӣ шудан бо ҳамсафари ҳаётии худ ҳама корро мекунед. Агар гунаҳкор бошед, бахшиш пурсиданро фаромӯш накунед. Барои ба маъракаву ҷашн рафтан рӯзи хуб аст, кунҷи танҳоӣ ихтиёр накунед. Барои он ки пулро зиёд сарф накунед, буҷаи худро барои як моҳ тартиб диҳед.  Нисбати ёри худ диққати бештар ҷудо кунед, вагарна дар сари рашк ва ногуфтаҳои зиёд нофаҳмӣ сар мезанад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи хатарнок аст. Рух додани садама, сироят ёфтану сар задани ҳодисаҳои нохуш имкон дорад. Ғами саломатии худу наздиконатонро хӯред. Ба сафар баромаданро тавсия намедиҳем. Ронандагон бояд дар роҳ ҳушёриро пеша намоянд. Ба макру фитнаи баъзеҳо ҳамроҳ нашавед. Имтиҳони зиндагиро сабурона паси сар кунеду аз мушкилиҳо наҳаросед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Хабари ногаҳонӣ зиндагиятонро ба куллӣ тағйир медиҳад. Бо атрофиён ё роҳбарияти коргоҳатон муноқиша имкон дорад. Дӯсти наздикатон бо хабари ногаҳонӣ шуморо дар ҳолати ногувор мегузорад, вале ҳама чизро ба дил наздик қабул накунед. Нафароне, ки ба тиҷорат машғуланд, корашон барор меёбад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ҳама кору иқдомҳоятон ба кӯмаку дастгирии дӯстон умед бандед. Каме нотоб гаштанатон имкон дорад. Бемории дар ин рӯз пайдошуда тӯл мекашад. Дар ин рӯз қайчӣ задани мӯй, истеъмоли хӯроки вазнин ва ба оина нигоҳ кардан манъ аст. Нисбати шахси дӯстдоштаатон боэҳтиётона рафтор кунед, вагарна имкони ҷудо шуданатон хеле зиёд аст.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ин рӯз маблағи барои рӯзи мабодо пинҳон кардаатонро ба ҳеҷ ваҷҳ сарф накунед. Қабл аз коре кардан нағзакак андеша намоед. Мулоқоти ошиқонаро беҳтараш ба рӯзи дигар монед, вагарна аз муноқиша амон намеёбед. Аз ҷониби дӯстону наздикон кӯмак мегиред. Агар дӯстонатонро кайҳо боз надида бошед, ба меҳмонӣ даъват кунед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Мушкили зиёде дар ин рӯз домангиратон мегардад. Қариби бегоҳ хаставу асабӣ мешавед. Қаҳру ғазаби худро нигоҳ доред. Бемориҳои дар ин рӯз пайдошуда чандон хатарнок нестанд, вале табобаташро ҳатман ба анҷом расонед. Хусусан ба ҳолати дандону вораҳои худ диққати бештар ҷудо кунед. Бо нафароне, ки пайваста шуморо танқид мекунанд, дарди дил накунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД