Хайринисо Қодироваи 109-сола, сокини ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан, кӯҳансолтарин зани ин диёр мебошад. Мавсуф соҳиби 8 фарзанд, 37 набера, 80 абера, 20 чабера ва хушдомани 5 келин мебошад. Саволи мо ба ин модари рӯзгордидаи куҳансол чунин аст:
- Аз нигоҳи Шумо келин бояд чӣ гуна бошад ва хушдоман ба келинҳои худ чи тавр муносибат кунад?
- Хоксорию фурӯтанӣ, эҳтироми калонсол, тозагию озодагӣ, ширинзабонӣ ва таҳаммулу тааммул кардан дар зиндагӣ инсонро новобаста аз ҷинсияташ дар ҳама давру замон хушбахт месозад. Аслан одами ширинзабону гапдаро ҳамеша дидадаро мешавад. Вақте келин ҳам нисбат ба хушдомани худ ширинзабониву лутф мекунад рӯйи дидаҳои аҳли оилаи домод қарор мегирад. Ҳар як хушдоман мехоҳад келинаш гапдаро, тозакор хушгуфтор ва пеш аз ҳама фарзандашро дӯст дораду ҳурмати ӯро ба ҷо орад. Чунин хислатҳо дар баробари хоҳиши хушдоман будан, вазифаи ҷонии ҳар як зан аст. Имрӯзҳо бисёр ба назар мерасад, ки ду арӯсак агар як ҷо шаванд хушдоманашонро ғайбат мекунанд ва ба ҳамдигар маслиҳатҳои нодуруст медиҳанд. Дар натиҷа, муносибати бе ин ҳам бади хушдоману келин сардтар мешавад. Агар келин хушгуфтору хушрафтор ва ба дарди хушдоман малҳам бошад, хушдоман ӯро тоҷи сар мекунад. Хушдоман пеш аз он ки хушдоман аст ӯ зан ва модар аст. Вуҷуди зан модар моломоли меҳру муҳаббат аст. Танҳо келинҳо ба он меҳру муҳаббати хушдоман сазовор шуданашон лозим.
Дар мавриди хушдоман ба келинаш чӣ тавр бояд муносибат кунад гуфтаниям, ки набояд хушдоманҳо ба ҳар як кори мекардаи келин эрод гиранд. Аз хамир муй ҷудо карда аз зери нохун чирк ҷустани хушдоман эҳтироми ӯро дар назди келин дигар мекунад. Агар келин доимо ба корҳои кардаашу накардааш аз хушдоман гап шунавад, рафта -рафта муносибати келин ҳам дигар мешавад. Ӯ минбаъд ба гаргардонӣ, гуфтаҳои хушдоманро накардан одат мекунад.
Агар хушдоман ба корҳои келин эрод не балки бо ширинсуханӣ хатоҳои келинашро фаҳмонад, барои ислоҳ кардани камбудиҳояш роҳ нишон диҳад албатта дар танҳоӣ он вақт келин хушдоманашро зиёдтар дӯст дошта мехоҳад бо тамоми ҳастияш дуои хушдоманро гирад. Гоҳ-гоҳ ситоиш кардан ва тӯҳфаҳо додани хушдоман ба келин муносибати ҳар дуро боз зичтар ва хубтар месозад.
Худ фикр кунед агар ҳар рӯз хизмати як нафарро бемузд иҷро мекунед вале ӯ аз корҳои шумо хато меёбаду ба Шумо дағалона муносибат мекунад, мехоҳед боз хизматашро анҷом додан? Албатта не! Хушдоману келин бояд дилёб бошанд. Ба раъю дили ҳамдигар кор кунанд.
Баъдан, дар ҳама ҳолат аз ҳамдигар муташаккир бошанд. Гуфтагӣ барин, агар хушдоман ҳама келинашро бо якчашм бинад, якеро аз дигаре боло намонад он вақт эҳтироми хушдоман назди келинҳояш боз баландтар мешавад.