Arzon march 2024
Хайрандеш Шоири халқии Тоҷикистон шуд
349

Шоири маҳбуб Хайриддини Хайрандеш аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони “Шоири халқии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуд.

Хайрандеш ё Қурбонов Хайриддин Шарифович 4-уми апрели соли 1961 дар деҳаи Чагами Болои ноҳияи Маскав (ҳоло Ш. Шоҳин) ба дунё омадааст. Маълумоти миёнаро то синфи 9 дар зодгоҳаш гирифта, мактаби миёнаи №30-и ноҳияи Коммунистӣ (ҳоло Кӯшониён)-ро соли 1978 хатм кардааст.

Ӯ баъди хатми мактаби миёна як сол роҳбари маҳфили адабии Хонаи пионерони шаҳри Қӯрғонтеппа буд. Соли 1983 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ДМТ)-ро хатм кард. Соли 1999 гимназияи хусусии «Хайрандеш»-ро таъсис дода, директори он буд. Ӯ муаллифи асарҳои «Хайробод», «Зиёратнома», «Сад қатра ашк», «Замзама», «Хайробод», «Тоҷикнома», «Чархофалак», «Ғазалпайванд» ва «Куллиёт» мебошад.

Аз соли 1997 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст ва маҳфили “Ҳамешабаҳор”-ро дар назди Китобхонаи миллии Тоҷикистон сарарӣ мекунад, ки умри 40-сола дорад. Ҳамзамон, сардабири нашрияи бачагонаи “Пайрав”, замимаи ҳафтаномаи “Омӯзгор” аст.

Ӯ дар як суҳбаташ гуфта буд, ки “агар ҳаққи муаллиф риоя шавад, шояд ҳоло миллиардери тоҷик мебудам, зеро тую маърака, радио телевизионе нест, ки сурудҳоям садо надиҳанд”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД