Commerc banl
Хаймаҳои наврӯзии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
71

Устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз хаймаҳои наврӯзӣ ороста, дар ин хаймаҳо хӯрокҳои қадимии халқи тоҷикро тайёр ва ба меҳмонон пешкаш намуданд.

Дар доираи ҳамоиши наврӯзӣ байни факултетҳои донишгоҳ таҳти унвони «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» озмун баргузор гардид. Озмун аз номинатсияҳои «Беҳтарин хаймаи наврӯзӣ», «Беҳтарин намоиш ва анъанаҳои наврӯзӣ», «Беҳтарин зебосанами наврӯзӣ ва баҳори наврӯзӣ» ва «Беҳтарин суруд ва рақси идона» иборат буд. Дар натиҷаи баҳогузории ҳакамон дастаҳои ғолиб муайян шуда, бо Диплом ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Наврӯз мероси гаронбаҳои фарҳангии ниёгонамон буда, рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав, сулҳу дӯстӣ, ҳамдиливу ҳамбастагӣ ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД