-Э, ин ятимбачаро барои чӣ домод кардед?! Наход, ки гул барин духтарро ба ҳамин баднамуди почалучи бесарпаноҳ бароварда диҳед?!
Магар ин почаканда аз ӯҳдаи хушбахт кардани фарзандатон мебарояд? Инхелаҳо дузд мешаванду ғоратгар, аз ин тоифа эҳтиёт кардан лозим,-норозиёна ба Саъдӣ нигариста мегуфт хоҳараш Соро.
Саъдӣ гӯё чизе нашуда бошад, парвои фалак надошт ва кори худро дурусту беҳтарин меҳисобид. Ба хоҳаршӯяш ҳамроҳ шуда завҷаи Саъдӣ-Сабрина низ ба гап даромад:
-Ман сад бор гуфтам, ки духтараки яккаву ягонаамро ба ягон домоди серпул, коргар ва бой диҳем, лекин акоякатон розӣ нашуданд. Ба гуфти ин кас бойҳо одамгарӣ надоштаанд. Мана мо сарватмандем, пас одамгариамон нест?!
-Ту агар одамгарӣ медоштӣ, ин ҳарфҳоро ба забон намеовардӣ. Ҳа, ба ман домоди серпул лозим нест. Домоди боақлу тамиз, хирадманд лозим аст, то ки духтарамро абадан хушбахт созад. Домодҳои серпул мегуфтаи ту дарду ғами зиндагиро начашидаанд. Баъдан, агар ту ба ман писар мезодӣ, имрӯз ин гапу калочаҳо набуд.
-Э ин қадар писардор нашудагиамро ба рӯям назанед! Магар айби ман аст, ки баъди духтарам Дилдода дигар фарзандор нашудам?! Фарзанд ин неъмати Худованд аст, хоҳад медиҳад, нахоҳад не!
-Рост гуфтӣ, ятиму камбағал мондан ҳам иродаи Зоти пок аст,-Саъдӣ ин гапҳоро гуфту аз хона баромада ба коргоҳаш рафт.
хххххххх
-Мард бояд аз пайи зиндагӣ бошад. Чор ишкели оилаашро бутун сохта, нагузорад, ки пеши касе мӯҳтоҷ шаванд. Доооод аз дасти шӯйи камбағал. Ман то ин шавҳари камбағаламро соҳиби сарват кардам, ки як поям ба лаби гӯр расид. Ҳар рӯз байнамон ҷангу ҷанҷол буд. Боз занро муйдарози ақлкутоҳ мегӯянд...
Сабрина аз ношукрии хоҳаршуяшро ба ҳайрат афтода бошад, ҳам, чизе нагуфт. Ҳарчанд дар таъна кардани шавҳараш ӯ ҳақ набошад, ҳам натавонист гапи хоҳаршуяшро нодуруст гуфта ӯро насиҳат кунад, чунки худи ӯ низ як зани пулпараст буд. Ҳирси сарвату давлат, ки ҳамроҳи шавҳараш даҳсолаҳо ҷамъ карда буд, намегузошт ноҳақ будани хоҳаршӯйяшро бигӯяд.
-Рост гуфтед, мард бояд таъмингар бошад, аммо дар солу замони ҳозира шаш хӯрандаю як оранда бошад, намешавад,-фақат ҳаимн қадар гуфт нимғурма зери лаб Сабрина...
хххххх
Саъдӣ ба мошин савор шуда ҷониби коргоҳаш мерафт ва раҳораҳ чӣ қадар душвориҳои дар тули умраш паси сар кардаашро ба хотир меовард. Рӯзҳое буданд, ки як бурида нони қоқро аз ҳамсоя қарз мегирифтанд, он ҳам бо сад таънаю маломат, вале он ҳама рӯзҳои сахт пушти сар шуда, имрӯз онҳо яке аз оилаҳои сарватмандтарин ба шумор мераванд. Саъдӣ фикр мекард, ки чаро чашмони завҷааш ҳеҷ аз сарвати дунёӣ сер намешавад, охир худаш рӯзҳои сангинро паси сар карда буд-ку! Бой шуда дар назди дугонаҳояш бо кибру виқор роҳ гаштану ҳамеша ороишотир гаронбаҳои бриллианту тилло ва шубаҳои 3000-сомона пӯшидан чашмони занашро хира кардааст.
“Ин сабрина чунон ба молу сарват дода шудааст, ки дигар одамони камбағалро одам ҳам ҳисоб намекунад, чашмони хоҳарам Сороро ҳам ишқи пул кӯр кардааст. Наход рӯзҳои камбағалии худро фаромӯш карда бошанд? Худованд сарват медиҳад, аммо аз ӯҳдаи саришта карданаш набароиву ба ҳақдоронаш ҳақ надиҳӣ, хайру саховатро канда карда, фарх аз серпулиат карда гардӣ, он гоҳ туро хор месозад” мегуфт худ ба худ Саъдӣ.
Ин марди ҷаҳондида мехост домоди хоксору фурӯтане пайдо намояд, барои ҳамин ба духтари ягонааш коргарии одии худаш Азизро муносиб медонист. Дасду дили пок доштани ин ҷавонро медонист ва дилаш пур буд, ки баъди сари вай Азиз метавонад ба хубӣ аз ӯҳдаи идора кардани корхонааш барояд ва албатта ҳамсарашро низ хору зор шудан намемонад. “Имрӯз назди Ҳалим рафта вазъиятро мефаҳмонам, то ки ӯ бо Азиз ҳамсӯҳбат шавад. Аз Азизи дида домоди хубтар барои духтарам нест. Ҳама барои сарвату давлатам мехоҳанд бо духтари ягонаам издивоҷ кунанд, аммо Азиз дигар аст” аз дил мегузаронд Саъдӣ.
хххххххх
Саъдӣ бо Ҳалим ҳамсӯҳбат шуда маслиҳат пурсид. Ҳалим дар ин кор Саъдиро тарафдорӣ карда бо Азиз вохӯрд, вале...
(Давом дорад)
Абдуғаффор Шодиев