Нигора ва Парвиз хеле ҷавон, ҳарду 19-сола бо розигии волидон издивоҷ карда буданд. Соҳиби як писарча шуданд. Солим, бе нуқс ба дунё омада буд.
Шабе кӯдак беист гиря кард, падару модари ҷавон ҳайрон монданд, ки чаро ӯ гиря мекунад. Аз ҳисоби гулӯдард ҳарорати баданаш ба 40 дараҷа баланд шуд. Нигора гуфт, ки биё ӯро ба беморхонаи ноҳия барем, аммо шавҳараш гуфт, ки грипп, қуртуқдард аст, мегузарад. Ягон ҳаби табшикан деҳ. Ба кӯдаки 1-сола парацетамол доданд, ҳеҷ табаш паст нашуд, кампири ҳамсояро фарёд карданд, то субҳ ӯро бо оби хунук компресс карданду табаш паст нашуд. Ноилоҷ мошинеро киро карда, ба беморхонаи ноҳия омаданд.
Аммо духтурон гуфтанд, ки аз шиддати ҳарорати баланд чашмони кӯдак зарар дидааст. Кӯдак сиҳат шуд, аммо чашмонаш нобино шуданд якумра.
Падар доимо дар танҳоӣ мегиристу худашро маломат мекард, ки агар ҳамон шаб барвақттар кӯдакро ба беморхона мебурданд, чашмонаш кӯр намешуданд.
Падар ба тамоми беморхонаҳо рафта мепурсид, ки мешавад чашмони ӯро ба чашмони нобинои писар гузошта ҷарроҳӣ кунанд? Аммо дар ватан гуфтанд, ки ҳанӯз чунин имконият нест.
Ин писарча калон шуд, соҳиби касби муаллимӣ гардид, аммо нобино буд. Падараш оқибат аз фикри зиёд касал шуда, шабе аз сактаи қалб фавтид. Армонӣ рафт аз ин дунё, армони чашмҳои нобинои писар...
Шаҳлои НАҶМИДДИН