Хатмкунандагони Консерватория дар қиёс бо хатмкунандагони дигар донишгоҳу донишкадаҳои олии кишварамон талабгорони зиёд дошта, баъди хатми муассиса пурра ба кор ҷалб карда мешаванд. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти хабарӣ ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон Миралӣ Достизода баён намуд.
Достизода дар тасдиқи гуфтаҳои худ афзуд, ки имсол шӯъбаи рӯзонаи Консерваторияи миллии Тоҷикистонро 43 нафар хатм намуданд ва ба ҷуз 1 донишҷӯи хориҷӣ дигар кулли хатмкунандагони консерватория бо ҷойи кор таъмин карда шудаанд.
Дар маҷмӯъ аз соли 2004 то соли 2023 ҳудуди 1023 нафар дилбохтагони ҳунар нозукиҳои санъати асили мусиқии тоҷик ва мусиқии ҷаҳонро дар Консерваторияи Миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов омӯхта, дар ансамблҳои давлатӣ, дастаҳои ҳунарии телевизиону радио ва дигар муассисаҳои фарҳангии кишварамон барои пешравии санъату фарҳанги миллат хизмат карда истодаанд.
“Дар шаш моҳи соли 2023 дар Консерватория зиёда аз 30 чорабинии бошукуҳи фарҳангию маърифатӣ баргузор гардида, илова бар ин, бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз ва “Рӯзи Пойтахт” дар боғи Куруши Кабир донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт барномаи рангини ҳунарӣ баргузор намуданд. Чунин барномаҳои фарҳангию ҳунарӣ бахшида ба дигар ҷашнҳои таърихӣ аз қабили 20-солагии таъсиси Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Табалхӯча Сатторов, “Рӯзи ғалаба”, “Рӯзи ҷавонон ва дигар иду ҷашнҳо низ доир гашта, донишҷӯёни ин боргоҳи ҳунар намунаҳои беҳтарини санъати асили мусиқии тоҷикро ба ошиқони савту наво пешкаш намуданд.
Нақшаи қабул ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов то санаи 8 август 59, 3 % иҷро шудааст, ки нисбат ба дигар муассисаҳои олии кишвар баландтар аст.
Қабули донишҷӯён ба консерватория тариқи маркази миллии тестӣ сурат намегирад. Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов комиссияи махсус, ки аз устодони санъати тоҷик иборат мебошад, амал намуда, танҳо он ҷавононе, ки аз нозукиҳои санъати мусиқӣ огоҳӣ дошта, аз имтиҳони ин устодони серталабу сахтгир мегузаранд, ба ин боргоҳи ҳунар қабул карда мешаванд.