Суди Вилояти Хатлон се сокини ноҳияи Ҷайҳунро барои куштори ваҳшиёнаи 4 узви як оила ба зиндони якумра маҳкум намуд, вале Қиёмиддин Насриддинов ва Маҳмадғаюр Хайбуллоев, ду гумонбари асосии қатли оилаи Маҳмадовҳо иддао доранд, ки онҳо дар ин ҳодиса даст надоранд ва бегуноҳ мебошанд...
Тавре ки расонаҳои хабарӣ менависанд, Қиёмиддин Насриддинов ва Маҳмадғаюр Хайбуллоев, ду гумонбари асосӣ дар куштори ваҳшиёнаи оилаи Маҳмадовҳо дар ноҳияи Ҷайҳун ба ҳабси абад маҳкум гашта, Адолат Шерматова, гумонбари сеюмро суд ба 28- соли зиндон маҳкум намудааст.
Ҳукми ҷинояткоронро Хусрав Холдорзода, додраси додгоҳи вилоят эълон карда, таъкид намудааст, ки дар сурати розӣ набудан бо ҳукми суд тарафҳо метавонанд дар муддати 10 шабонарӯз аз болои ин ҳукм ба Суди Олӣ шикоят баранд.
Наздикони гунаҳкорон изҳори норозигӣ намуда, гуфтаанд, ки бо ёрии адвокатҳояшон аз болои ҳукм ба Суди Олӣ шикоят хоҳанд кард.
Шарифа Шерматова, модари Адолат Шерматова гуфтааст, ки ӯ ба даст доштани духтараш дар ин ҳодиса бовар надорад, наздикони Қиёмиддин Насриддинов ва Маҳмадғаюр Хайбуллоев низ мегӯянд пайвандонашон гуноҳ надоранд. Маҳкумшудагон низ зимни сухани охирин худро бегуноҳ дониста, аз судя хоҳиш кардаанд, ки онҳоро сафед кунад, аммо...
Маҳкумшудагон дар сурате аз худ мусичаи бегуноҳ метарошанд, ки Латофат Азизова, ҳамсари марҳум Аҳлиддин Маҳмадов, ки дар манзили худаш ҳамроҳи фарзандони ноболиғаш ба таври ваҳшиёна кушта шуд ва як писари зинда мондааш ҳангоми рӯ ба рӯ кардан онҳоро шинохтаанд.
Ёдрас мешавем, ки куштори пурсарусадои сокини ноҳияи Ҷайҳун Аҳлиддин Маҳмадови 39-сола бо аҳли хонавдааш шаби 12 июни соли 2021 рух дода, ин мардро ҳамроҳи се фарзанди ноболиғаш, ки 8,13 ва 14-сол доштанд, дар манзили истиқоматиашон ба таври ваҳшиёна табаркуш карданд.
Хушбахтона, зан ва як писари ин оила захмҳои вазнин бардошта бошанд ҳам, зинда монданд ва гумонбаронро шинохтанд, аммо баъди гузаштани беш аз як сол аз сар задани ин ҳодисаи хунини ваҳшатнок ва эълони ҳукм гумонбарон худро комилан бегуноҳ мехонанд...
Маҳмадғайюр Ҳайбуллоев ва Қиёмиддин Насриддинов бо моддаҳои 104 қисми 2 (одамкушӣ), 32 қисми 3 ва 255 (Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк), ҳамчунин 244 (дуздӣ) ва Адолат Шерматова, ҳамсари Қиёмиддин Насриддинов бо моддаи 104 қисми 2 (одамкушӣ), 32 қисми 3, 104 қисми 2 (суиқасд ба одамкушӣ), 255 (Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк) айбдор дониста шуда, ба ҳабси абад ва 28-соли зиндон маҳкум гаштаанд.
Гумонбарон дар оғоз ба гуноҳи худашон пурра иқрор шуда буданд. Дар як навори видеоӣ, ки Вазорати корҳои дохилӣ пахш намуда буд, Қиёмиддин Насриддинов ва Маҳмадғайюр Ҳайбуллоев бо забони худ нақл карданд, ки чи гуна ин куштори ваҳшиёнаро содир карданд, вале акнун мегӯянд, ки гӯё зери фишор чунин баёнот додаанд...