Arzon march 2024
Хатлон нақшаи даъват ба аскариро қариб иҷро кард
250

Ба ҳолати 13-уми май нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар қаламрави вилояти Хатлон 97 фоиз иҷро шудааст. Дар ин бора Ҷаҳонгиршо Рустамшо, сухангӯи раиси вилояти Хатлон хабар дод.

Ба зикри манбаъ, дар рӯзи аввал нақшаи даъвати баҳорӣ дар ноҳияҳои Вахш, Фархор, Муъминобод, Хуросон 100 фоиз иҷро шуд. Сипас, шаҳру ноҳияҳои Носири Хусрав, Норак, Левакант, Дӯстӣ, Қубодиён, Панҷ, Бохтар, Кӯшониён, Шаҳритус, Ҷайҳун, Балҷувон, Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон ва Данғара низ нақшаи даъвати баҳориро 100 фоиз иҷро намуданд. Дар маҷмӯъ то имрӯз 18 шаҳру ноҳия нақшаи даъвати баҳориро иҷро намудаанд.

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ”, аз 5 марти соли 2024, №791, аз 1 апрел то 31 майи соли 2024 шаҳрвандони то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтар, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват карда мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД