arzon replenishment
Хатлон ҳамкориро бо вилояти Хуросони Разавии Эрон густариш медиҳад
169

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар доираи баргузории Форуми “Хатлон инвест-2024” дар шаҳри Бохтар бо Ҳасан Нуризода, муовини иқтисодии раиси вилояти Хуросони Разавии Ҷумҳурии исломии Эрон ва Алиризо Ҳақиқиён, сафири Эрон дар Тоҷикистон мулоқот намуд. Дар ин бора маркази матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки тарафҳо масъалаи афзоиши ҳаҷми гардиши молро байни ду вилоят муҳокима намуда, таъсиси корхонаҳои муштарак ва табодули ҳайатҳои тиҷоратиро зарур ҳисобиданд. Зимни мулоқот ҳамчунин ба масъалаи рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла тандурустӣ, дорусозӣ, саноати сабук, ниҳолу тухмипарварӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки кишоварзӣ, робитаҳои фарҳангӣ, илмӣ ва сайёҳӣ диққати хоса дода шуд.
Аз Эрон ба Тоҷикистон кошӣ, ширеш, дару тиреза, халта ва аз вилояти Хатлон ба Ҷумҳурии исломии Эрон асосан нахи пахта ва калобаи ресандагӣ содир мешавад.
Моҳи майи соли ҷорӣ ҳайати вилояти Хатлон ба вилояти Хуросони Разавии Ҷумҳурии исломии Эрон сафар карда, аз шаҳракҳои саноатӣ ва маконҳои кишоварзии Тӯс, Нишопур ва Сарахс боздид намуданд. Ёддошти тафоҳум байни ин ду вилоят ҳанӯз 30-юми майи соли 2022 дар шаҳри Душанбе бо иштироки президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва собиқ раиси ҷумҳури Эрон ба имзо расида буд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД