Имрӯз дар як қатор ноҳияҳои ғарбии ВМКБ, вилояти Суғд ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ хатари омадани сел бар асари об шудани пиряхҳо вуҷуд дорад. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар такя ба гузориши Агентии ҳавошиносии кишвар хабар додааст.
Кумита бори дигар ба аҳолии дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ истиқоматкунанда ва сайёҳоне, ки нақшаи сафар бо роҳҳои кӯҳӣ доранд, муроҷиат намуда, хоҳиш мекунад, ки эҳтиёткор бошанд ва аз сафар ба минтақаҳои хатарнок, ҷамъоварии ҳезум ва доруворӣ худдорӣ намоянд.
“Ин ҳаво ба беморони гирифтори касалиҳои диабети қанд, дилу рагҳо ва фишорбаландон таъсири манфӣ мерасонад. Барои муътадил нигоҳ доштани саломатии хеш ҳавои манзили худро пайваста тоза кунед ва ниқобҳои тиббӣ истифода баред”,- мегӯяд манбаъ.
Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад, ки сари вақт селроҳаҳо, ҷӯву каналҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна хасу хошоку сангу рег тоза кунанд.