Дар Русия аз 1-уми январ то 30-юми апрели соли 2025 Фармони Президенти Федератсияи Русия таҳти №1126 амал менамояд, ки тибқи он шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд бе хатари ихроҷ, яъне депортатсия шудан ва баста шудани вурудашон ба ин кишвар будубоши худро дар Русия қонунӣ гардонанд. Фармони мазкур ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик низ дахл дорад. Киҳоро аз Русия депортатсия карда метавонанд ва барои амон мондан аз хатари ихроҷшавӣ чӣ бояд кард?
Хатари депортатсия шудан ба киҳо таҳдид мекунад?
Тавре Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар саҳифаи Телеграмаш хабар додааст, хатари ихроҷ шудан - депортатсия аз қаламрави Русия ба шахсони мазкур таҳдид менамояд:
1. Муҳоҷирони меҳнатие, ки зиёда аз се моҳ дар Русия қарор доранд ва бидуни патент ва иҷозатномаи корӣ бо фаъолияти меҳнатӣ машғуланд.
2. Шаҳрвандони хориҷие, ки бо патент, ё иҷозатномаи кории муҳлаташ гузашта кор карда истодаанд.
3. Шахсоне, ки бо патенти маблағаш пардохт нашуда корро идома дода истодаанд.
4. Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия бидуни иҷозати зисти муввақатӣ (РВП) ва иҷозаи истиқомат (ВНЖ) ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ зиндагӣ мекунанд.
Барои депортатсия нашудан чӣ бояд кард?
Агар яке аз ин бандҳо ба шумо дахл дошта бошад, барои дар амон мондан аз хатари ихроҷшавӣ, яъне депортатсия ҳарчи зудтар ба шуъбаи полис ё “ХШР”-и КВД Русия ё Маркази муҳоҷиратии “Сахарово”-и шаҳри Маскав муроҷиат намуда, будубоши худро дар қаламрави Федератсияи Русия қонунӣ гардонед.