Sebiston new 2024 october
Харидори маккор “Мерседес-Бенс”-ро бе пул бурду...
783


Қаллобию мардумфиребӣ солҳои охир баавҷи аълояш расидааст ва дамони ҳаллагаре пайдо мешаванд, ки ҳатто мошину хона барин чизҳои гаронаҳоро бе сарфи маблағ, муфтакак соҳи мешаванд, вале тавре ки мегӯянд, бри каҷ а манзил намерасад. Айши ин тоифаи қаллоб низ дер давом накарда, билохира ба чанг меафтанд...

Ба Шӯъбаи ВКД-2 дар ноҳияи Синои пойтахт як марди 39-солаи сокини шаҳри Ҳисор муроҷиат намуда, аз он шикят кардааст, ки санаи 14-уми июли соли 2022, як марди 55-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс»-ро ба маблағи 160 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ намуда, ҳамагӣ 10 ҳазор сомонӣ пешпардохт дода, бо ваъдаи он ки то 14-уми август маблағи боқимондаро меорад, мошинро бурдааст, вале аз байн қариб 3 моҳ гузашта бошад ҳам, пули мошинро надодааст. Харидори қаллобу беинсоф мошинро аллакай ба шахси дигар бар ивази 80 ҳазор сомонӣфурӯхта, маблағро ба фоидаи худаш сарф намудааст.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД