Филми ҳунарии “Харгӯши сиёҳ, харгӯши сафед” дар ҷашнвораи байналмилалии филми Ҳойнон дар ҷазираи Ҳойнони Чин бо дарёфти ҷоизаи “Норгили тилоӣ” унвони “Беҳтарин филм”-ро соҳиб шудааст.
Шаҳроми Мукрӣ, коргардони филм дар саҳифаи "Инстаграм"-аш хабар додааст, ки пас аз ин ҷашнвора филм дар ҷашнвораи филми Кроло дар Ҳинд низ намоиш дода мешавад.
“Харгӯши сиёҳ, харгӯши сафед” филми муштараки Тоҷикистону Эрон буда, коргардони он Шаҳром Мукрӣ аз Эрон аст. Дар он ҳунармандони тоҷику эронӣ нақш офаридаанд.