Қадру қимат
- Рост аст, ки ту ба хотири духтаре арақу сигорро партофта, духтарбозӣ намекунӣ, ҳатто донишгоҳро ғоибона хатм кардӣ?
- Рост аст.
- Пас, чаро ӯро ба занӣ нагирифтӣ?
- Зеро дарк кардам, ки бо чунин қадру қимат метавонам зани беҳтар ёбам!
Гипноз
Як пиразан ба дигараш дарди дил мекунад:
- Ба фикрам ман истеъдоди гипнозкунӣ дорам.
- Чӣ хел?
- Ҳамин ки ба автобусу троллейбус дароям, тамоми ҷавононро дар ҷойи нишастаашон хоб мебарад!
Ғорат
Дар толори суд:
- Судшаванда, чаро шумо бонкро ғорат кардед?
- Аввал худаш сар кард...
Шикоят
Зан ба шавҳар:
- Тамоми шаб хобам набурд, ту хуррок кашидиву саг ҷакид.
Шавҳар:
- Чӣ, ту мехоҳӣ, ки саг хуррок кашаду ман ҷакам?