new banner new years
Хадамоти алоқа аз суръати пасти интернет дар меҳмонхонаҳо шикоят кард
370

Хадамоти алоқа аз масъулини меҳмонхонаҳои Душанбе талаб намудааст, ки меҳмонони хориҷиро бо интернети босифати суръаташ на камтар аз 100 мбит/с таъмин намоянд.

Ин нукта зимни як ҷаласа бо сарварии Аҳлиддин Муртазозода, муовини раиси Хадамоти алоқаи кишвар ва намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ, меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе, инчунин, ширкатҳои мобилӣ ва дастраскунандагони Интернет садо додааст.

Зимни ҷаласа масъулини Хадамоти алоқа аз суръати пасти интернет дар меҳмонхонаҳои “Душанбе”, “Авесто”, “Тоҷикистон” ва “Айнӣ” изҳори нигаронӣ намуда, гуфтаанд, ки суст будани интернет боиси норозигии меҳмонони хориҷӣ мегардад.

Таъкид шудааст, ки таҷҳизоти техникии таъминкунандаи интернет дар меҳмонхонаҳои мазкур куҳнаву фарсуда ва корношоям гашта, имкони таъмин намудани интернети баландсуръатро надоранд. Аз намояндагони меҳмонхонаҳои мазкур талаб карда шудааст, ки ин масъаларо ҳарчи зудтар ҳал карда, меҳмонони хориҷиро бо интернети суръаташ на кам аз 100 мбит/с таъмин намоянд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пештар Хадамоти алоқа ширкатҳои мобилиро танқид намуда, ҳушдор дода буд, ки дар сурати беҳтар нашудани суръати интернет аз ҷаримабандӣ то кушодани парвандаи ҷиноятӣ ва бозхонди иҷозатномаи фаъолият чораандешӣ мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД