Маҳмадраҷаб Абдуллозода, хабарнигори Телевизиони Тоҷикистон дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон дар садамаи нақлиётӣ даргузаштааст.
Бино ба маълумоти дастрас, садама дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон рух додааст. Дар дохили мошин ҳамроҳи Абдуллозода се ҳамкасби дигараш низ қарор доштаанд, ки дар натиҷаи садама ҷароҳат бардоштаанд.
Маҳмадраҷаб Абдуллозода беш аз се соли охир ба ҳайси хабарнигори Телевизиони Тоҷикистон дар минтақаи Бохтар фаъолият карда, ҳамзамон сухангӯи шаҳрдории Бохтар буд.
Гуфта мешавад, маросими ҷанозаи ӯ рӯзи 18-уми сентябр дар зодгоҳаш - ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон баргузор мегардад.
Ҷузъиёти бештари садама ва ҳолати ҳамкорони ӯ маълум нест.