Меҳмони навбатии мо модари тоҷикест, ки дар кишвари Гурҷистон кору зиндагӣ мекунад.
Ҳамсуҳбати мо, бонуи оқилаву порсо Ҳоҷибибӣ Нурова соҳиби се писару се келини нозанин буда, дар мавриди муносибатҳои хуби байни келину хушдоман чунин ибрози назар намуданд:
- Ман се писар ва се келини нозанин дорам, ки бароям мисли духтар дилсўзу меҳрубон ҳастанд. Келини калониям табиби кардиолог аст ва аз рўзи аввали ба хонадони мо қадам ниҳодан, маро модарҷон гўён, садо мекард ва бо ман хеле меҳрубон буд. Ҳамин тавр, ду келини дигарам низ ба келини калонӣ пайравӣ карданд.
Муносибатҳои зебои байни келину хушдоман аз хушдоман вобаста аст, зеро мо калонсолтар ҳастему таҷрибаи бойи зиндагӣ дорем, бояд намунаи ибрати ҷавонон бошем.
Шукри Худо, фарзандонам зиндагии осоишта доранд, агар байни келину писаронам ягон нофаҳмӣ шавад, ман бо онҳо дар алоҳидагӣ суҳбат мекунам. Келин бо як умед ва ба хотири фарзандамон ба хонаи мо медарояд. Келинро бояд аз духтар боло донӣ, зеро духтар шавҳар карда, ба хонааш мераваду аз паси зиндагии худаш мешавад, аммо келин чароғи хонаи туро фурӯзон нигоҳ медорад, модари набераҳоят аст.
Келину писаронам бо навбат назди ман ба Гурҷистон омада мераванд, шукри Худо, келинҳои меҳрубонро насиби ман гардонидааст.