Тақдири талх
Сафаргулу Маҷидбек бо ризояти волидайн ва дуои пирони авлодашон хонадор шуда бошанд ҳам, Худованд ниҳоли қомати арӯсаки нозанинро боровар намекард. Волидайни ҷуфти ҷавон худро ба дари даҳҳо муллову табибони номдор зада сабаби бефарзандии фарзандонашонро ҷустуҷӯ мекарданд, хоса модари Маҷидбек, холаи Мунаввар ба чеҳраи маҳзуни келину писараш, ки якдигарро хеле дӯст медоштанд, нигариста ҷигархун мешуд. Даҳ соли расо бо ташвишу оби чашм, зорию илтиҷо дар назди табибон сипарӣ гашту муроде ҳосил нашуд. Сафаргулу Маҷидбек ба тақдир тан дода, ба қароре омаданд, ки аз ҳам ҷудо шаванд…
- Сафаргул, ман туро аз ҷони ширинам ҳам зиёдтар дӯст медорам, ба хотири ту тайёрам умрамро бе фарзанд гузаронам, аммо ба бахти ту зомин шуданӣ нестам, шояд аз ман ҷудо шуда доманат сабз гардад,- гуфт шабе Маҷидбек.
Сафаргул зор-зор гириста «тақдирамон ҳамин будааст» гӯён, розӣ шуд. Зану шавҳар қарор доданд, ки субҳ қарорашонро ба волидон мегӯянд. Он шаб моргазидаро хоб мебурду ин ду нафарро не, Маҷидбек чашму абрӯи ҳамсари нозанинашро мебӯсиду гиряҳои зори ӯро дида оби чашмашро дошта наметавонист. Сафаргул дар дил аз Худо илтиҷо мекард, ки субҳ нашавад, зеро ӯ намехост хонаи бахташро тарк гӯяд. Сафаргулу Маҷидбекро нав ғанаб бурда буд, ки садои кӯфтани дарвоза онҳоро аз хоб бедор кард. Зану шавҳар ҳайрон шуданд, ки дар ин каллаи азон кӣ онҳоро ёд карда бошад.
Шумхабар
Маҷидбек аз ҷояш парида хесту ҷомаашро ба китфаш партофта берун баромад ва дарвозаро кушода дар пушти дар амаки хурдияш Наҷотро дид, ки бо ранги канда меистод:
-Акаам канӣ, модарам бемор шудаанду он касро суроғ доранд,- ҳаросон пурсид амакаш.
Ин суханони Наҷотро падару модари Маҷидбек ва ҳамсараш Сафаргул, ки аллакай дар назди онҳо ҳозир шуда буданд, шунида зуд ҳамроҳи Наҷот ба поёни деҳа, ба хонаи бобоии Маҷидбек, ки модаркалонаш бо оилаи амаки хурдияш он ҷо мезистанд, равон шуданд.
Бемори инҷиқ
Кампири Моҳсират, ки навад сол дошт, беҳолу бемадор дар рӯи бистар мехобид. Духтурзани ҳамсоя «фишорашон баланд» гуфта ба кампир дору хӯронданӣ буд, аммо бемор якравӣ карда доруро ба даҳонаш намебурд. Ин ҳолати кампирро дида Сафаргул даррав ба хона баргашт ва чанд дона лиму гирифта барои хушдоманкалонаш нӯшобаи лимӯгин тайёр кард. Кампир нӯшобаро аз дасти келинаш гирифта нӯшиду каме ором шуд. Сафаргул бо кампири бемор монд, то хизматашро ба ҷо биёрад. Ҷавонзан тӯли ду моҳи бемории хушдоманкалон шабу рӯз ба қавли кампиракон «бо як пой рост истода» хизмати ӯро мекард, баъзан шабҳо худи кампир зӯран Маҷидбекро маҷбур мекард, ки занашро ба хонааш барад.
Дуои сабз
Пас аз ду моҳ кампири Моҳсират оламро падруд гуфт. Кампир пеш аз маргаш Сафаргулро дар наздаш шинонида, дуояш дод, ки худованд саратро сабз кунад. Аз ин дуои кампир дили зардоби ҷавонзан таконе хурду шӯхиомез гуфт:
-Момаҷон, агар ҳамин сари сахти ман сабз шавад, пас калтути сӯхтаи лаби ҷари деҳа ҳам сабз мешавад!
Кампир кокулони дарози марғуладори келинашро миёни панҷаҳои ногирои шахшӯлаш гирифта навозишомез ҷавоб дод:
-Худованд чунон муъҷизаҳое дорад, ки даҳони кас воз мемонад духтарам, банда бояд як умр бо умед бошад. Ноумед нашав ҷонам, навмед шайтон аст…
Самараи дуо
Дар даву този маъракаҳои кампир Маҷидбеку Сафаргули ғамзада аҳди ҷудоияшонро фаромӯш карданду пас аз ду моҳи марги хушдоманкалон дуои ӯ мустаҷоб гашта дар қади ҷавонзан кӯдак пайдо шуд. Хурсандии зану шавҳар ва аҳли оиларо интиҳо набуд. Маҷидбеку Сафаргул нуҳ моҳ ба дунё омадани нахли умедашонро бесаброна интизорӣ кашиданд ва чун духтарчаи нозанинашон тавлид шуд, Шукрона номаш ниҳоданд. Шукронаи зебояк хушпою қадам баромаду пас аз ӯ модараш боз чор писар таваллуд кард. Сафаргул сабз шудани ниҳоли қоматашро аввал раҳми Худои мутаол ва баъд аз самари дуои хушдоманкалони меҳрубонаш медонист. Фарзандонаш яке пайи дигар қад кашида даргоҳи падарро ба тӯйхона мубаддал карда буданд. Шукронаи дӯстдори волидон мактабро хатм карда ба коллеҷи тиббӣ дохил шуд. Духтари соҳибҷамолу башарм, ки буд, хостгорони зиёде дошт, аммо мақсад дошт, ки танҳо баъди соҳибҳунар гаштан оиладор мешавад…
Арӯси таърифӣ
Пас аз хатми коллеҷ Шукрона дар беморхонаи марказии ноҳияашон ба ҳайси ҳамшираи шафқат ба кор шуруъ кард. Акнун аҳли хонадон аз дасти хостгорон рӯз надоштанд, вале амаки Маҷидбек хостгорони сардухтури ноҳияро, ки аз рӯзи аввали дидани Шукрона азми келин кардани ӯро карда буд, пазируфт. Писари духтур Донишгоҳи тиҷоратро хатм карда дар бонки ноҳия кор мекард. Аслиддин ҷавони зебо, боақл ва маданӣ буд ва волидон шукр мегуфтанд, ки барои Шукронаи азизашон домоди хубе ёфтанд. Тӯйи ҷавонон бо шукуҳу шаҳомати хоса барпо шуд. Шукрона аз рӯзи аввали ба хонаи бахташ қадам мондан дар дили аҳли хонадон ҷо гирифт. Духтари ҳунарманд ғайри кори давлат тамоми кори хонаро ба сомон мерасонду хусуру хушдоман, додаршӯю хоҳаршӯяшро мисли бародарони худаш эҳтиром менамуд. Азбаски бо ҷавоне паймони ошиқӣ надошт, шавҳараш Аслиддинро аз ҷонаш бештар дӯст медошт. Хурду калон таърифи келини зебою чаққони сардухтурро мекарданд, шояд чашми бад расид, ки…
Мусибат
Аз тӯйи арӯсии Шукронаю Аслиддин шаш моҳ гузашта бошад ҳам, арӯсак ҳомиладор намешуд. Холаи Сафаргул, ки худаш дер фарзанддор шуда буд, аз ин дар ташвиш афтод, вале хушдомани Шукрона Ойнисо, қудояшро ором карда мегуфт:
-Монед ҷавонҳо аз якдигар сер шаванд. Бача намегурезад, ҳоло аз наберабонӣ ба дод ҳам меоем қудоҷон!
Шояд волидони пурармон насиб нагуфта буданд, ки пас аз ҳафт моҳи тӯяшон Аслиддин ҳангоми баргаштан аз сафари Хуҷанд ба садамаи автомобилӣ афтид ва ба худ наомада, ҳалок шуд. Рӯзи марги шаҳбачаи ғуррамарг ҳама хуни дил мехӯрданд. Шукрона худро ба болои ҷасади ба хоку хун олудаи шавҳараш партофта танҳо Аслиддин мегуфту халос… Мардум бо сӯзу гудоз ҷасади шаҳиди ҷавонмаргро ба хок супориданд.
Бевазан
Шукронаро пас аз додани соли шавҳар ба хонаи волидонаш бурданд. Арӯсаки ғамдор аламашро танҳо аз кор мегирифт.
Ҳамин тавр аз марги шавҳараш панҷ сол сипарӣ гашт. Харидорони зиёде дошт Шукрона, вале ёди Аслиддини нокомашро ба гӯшаи фаромӯшӣ афканда наметавонист. Беҳуда нагуфтаанд, ки сари зиндаро дар хок монда намешавад, амри тақдир буд ё таъсири панду насиҳати волидон, ки билохира Шукронаи шӯрбахт ба дубора шавҳар кардан розӣ шуд.
Бахти дуввум
Шукронаро ҷавонмарде хостгорӣ кард, ки бо ҳамсараш даҳ сол зиндагӣ карда фарзанддор нашуда буд. Ин марди тоҷир зиндагии тинҷу осуда дошт ва барои Шукрона хонаи алоҳида харида дод. Барот ҷавонмарди зебою хушсухан бошад ҳам, дар дили ҷавонзан ҷойи бахти якумаш Аслиддини ҷавонмарг холӣ монд. Бо гузашти ду моҳ Шукрона аз шавҳари дуюмаш ҳомиладор шуд ва оҳиста-оҳиста ба тақдираш тан дод. Барот ҳамсарашро чунон эрка мекард, ки ногуфтанӣ, ҳомиладор шудани Шукронаро шунида вай барояш хизматгор гирифт, аммо…
Сархӯр
Пешонии Шукрона магар аз азал шӯр будааст, ки Барот рӯи фарзанди деринтизорашро надида, ҳангоми оббозӣ дар дарё ғарқ шуд. Танҳо пас аз як ҳафта ҷасади варамидаашро аз ким-кадом соҳил пайдо карданд. Падару модари Барот барвақт аз дунё гузашта буданд, вале апаи калонияш рӯзи ҷаноза Шукронаро рӯйирост, бевазани сархӯр ва шавҳаркуши касофат номид. Холаи Сафаргул бо чашмони ашкбор «духтарам, ин хел нагӯй, ин кори Худо аст» гуфта барои бахти сиёҳи духтараш нола кард, Шукронаи мусибатзада бошад, барои дифои худ ҳарфе ба забон наовард.
Писари падарнадида
Пас аз марги Барот Шукрона писарча таваллуд кард ва чуноне, ки Барот орзу дошт, номашро Бунёдҷон гузошт. Пас аз тавлиди Бунёдҷон апаҳои Барот бо Шукрона омаду рафтро сар карданд ва дере нагузашта ӯро ба хонааш бурданд. Шукрона дар ҳавлии боҳашаммат ҳамроҳи писарчааш танҳо мезисту ба хотири аз чизе танқисӣ накашидани писаркаш шабу рӯз кор мекард. Модар ва янгаҳояш ба ӯ ёрӣ мерасониданд, вале…
Бевазани серхаридор
Бунёдҷон чорсола шуд. Зиндагии Шукрона якмаром аз остонаи хонааш то коргоҳ идома дошт, вале дар зиндагии ӯ боз мард пайдо шуд. Ин мард санҷишгаре буд, ки аз маркази вилоят ба беморхонаашон барои тафтиш омада буд. Саид аз коргарон фаҳмид, ки ҳамшираи зеботарини ин беморхона бешавҳар аст ва аз сардухтур хоҳиш кард, ки Шукронаро барояш хостгорӣ кунад. Ҳамсари Саид аз омоси бадфиоли мағзи сар фавтида, ду духтарчаашро хушдоманаш ба тарбияи худ гирифта буд. Кампир намехост, ки фарзандони духтари сиёҳпичааш пеш-пеши пойи бегонаҳо гарданд.
Шӯрбахт
Шукрона аввал розӣ нашуд, вале дар тарбияи Бунёдҷон лозим будани дасти мардро сад бор такрор кардани падараш ӯро маҷбур намуд, ки ба издивоҷи сеюмбора розигӣ диҳад.
Саид хонаю дари зебое доштааст. Шукрона ба нею нестони хушдомани собиқи Саид нигоҳ накарда тез-тез туҳфаҳои зиёде гирифта духтаракони бе модар мондаи шавҳараш Марҷон ва Гулҷонро хабаргирӣ мерафт. Оҳиста-оҳиста ҳам духтарҳою ҳам пайвандони модарияшон ба ин ҷавонзани меҳрубон одат карданд, вале Саидро ҳангоми таъмир намудани манқали барқӣ қувваи барқ заду ҳалок шуд. Шукрона ин даъфа дар рӯи мурдаи шавҳараш нолаҳои зор-зор карда худро ба марги Саид гунаҳгор менамуд. Модари Саид ғайричашмдошти атрофиёни Шукрона сари келинашро ба бағал гирифта гуфт:
-Духтарам, худатро гунаҳгор накун, ҷонро ба инсон Худо медиҳаду худо мегирад.
Ангуштнамо
Пас аз марги Саид Шукрона то дер ба худ омада натавониста танҳо пас аз ду моҳи ин мусибат ба кор баромад. Ӯ бо касе гап намезад, корашро мекарду писаракашро аз боғча гирифта рост ба ҳавлияш мерафт. Шабҳои дароз то рӯз болишташро оғӯш карда мегирист, намедонист барои кадом гуноҳаш худованд ӯро чунин шӯрбахт офаридааст.
Як рӯз ҳамкоронаш ба ҷону ҳолаш намонда ӯро ба чойхӯрӣ кашиданд. Дар сари миз аз ину он суҳбат карда хеле нишастанд. Аз гап гап баромаду фарроши беморхона холаи Қадамгул аз шавҳари пираш, ки ба сину солаш нигоҳ накарда шаробнӯшӣ мекард, шикоят намуд, Сайёраи шӯх бо лабханд гуфт:
-Хола, мехоҳӣ аз шӯи бадфеълат халос шавӣ? Биё ӯро бо Шукрона никоҳ мекунем…
Ҳама хандиданд, Шукрона низ хандаи талхе карда аз ҷояш бархост ва худи ҳамон рӯз ҳавлияшро ба савдо гузошт….
Инак, понздаҳ сол мешавад, ки Шукрона дар пойтахт зиндагӣ дораду ба тиҷорати дору машғул аст. Писараки ягонааш Бунёдҷон донишҷӯ аст. Шукрона ҳамагӣ чилу чор сол дораду ҷавонзани зебою дилороест ва марди сарватманди зебое, ки ҳамсараш вафот кардааст, ӯро ба занӣ гирифтанист, аммо зан аз шавҳар кардан метарсад….
Дилошӯб