Formula novemver 2024
Келини хушдоманкушро 17-сол зиндон карданд
3804


Хушунату зӯроварӣ дар оила ва ҷангу ҷанҷолҳои хонаводагӣ дар кишвари мо солҳои охир рӯ ба афзоиш ниҳодаанд ва аксаран боиси сар задани ҳодисаҳои нохуш мегарданд.

Носозгорӣ ва баҳсу мунозира махсусан дар байни модаршӯй ва арӯсон тез-тез сар мезанад. Бадбахтона ҷангу ҷанҷоли келину хушдоман баъзан бо рӯйканию мӯйканӣ хотима наёфта, кор ҳатто то ба куштор ҳам мерасад.
Додгоҳи Вилояти Хатлон як келини хушдоманкушро ба 17 соли зиндон маҳкум намудааст.


Умеда Шарифова, сокини деҳаи Муҳоҷирободи ҷамоати деҳоти Дарқади ноҳияи Фархор буда, бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "одамкушӣ" муттаҳам дониста мешавад. Рӯзи 9-уми августи соли 2021 байни Умед ва модаршӯяш баҳсу мунозира сар зада, ҷавонзан бо як "баҳонаи ночиз" бо хушдоманаш Файзигул Олимов муноқиша мекунад. Дар рафти ҳамин ҷанҷоли оилавӣ ин ҷавонзани бераҳм 8 маротиба ба гардан, рухсора ва панҷаҳои дасти модаршӯяш корд задааст.
Ин ҳодисаи хунин дар пеши назари як кӯдаки шашсола сар зада, Файзигул Олимова бар асари хунравӣ аз захмҳои бешумори корд дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Тавре ки “Радиои Озодӣ” мегӯяд, келини хушдоманкуш худро сафед карда, иддао намудааст, ки гӯё модаршӯяш доим ӯро ғам медодааст.
Ҳукми додгоҳ нисбати Умеда Шарифова ҳанӯз рӯзи 5-уми январ эълон шуда, келини хушдоманкуш ҷазоро дар колонияи ислоҳии низомаш умумӣ сипарӣ хоҳад кард.
Ин бори аввал нест, ки арӯсони хонавода даст ба қатли хушдоман ва дигар аъзои оилаи шавҳарашон мезананд. Соли 2018 додгоҳи Вилояти Хатлон Маҳпора Ҳикматова, сокини 39-солаи деҳаи Турдишайхи ноҳияи Панҷро барои қасдан куштани аъзои хонаводаи шавҳараш ба мӯҳлати 18 сол аз озодӣ маҳрум карда буд. Моҳи сентябри ҳамон сол Мавлуда Одилова, сокини ноҳияи Ҳамадониро барои заҳролуд кардани чанд узви хонавода боздошт намуданд ва додгоҳи Кӯлоб ин занро дар қатли ҳамсар ва ду фарзанди хурдсолаш гунаҳкор дониста ба мӯҳлати 24-сол равонаи зиндон кард.
Ф. СатторӣУмеда модаршӯяшро бӯғӣ карда кушта буд
Хушунату зӯроварӣ дар оила ва ҷангу ҷанҷолҳои хонаводагӣ дар кишвари мо солҳои охир рӯ ба афзоиш ниҳодаанд ва аксаран боиси сар задани ҳодисаҳои нохуш мегарданд. Носозгорӣ ва баҳсу мунозира махсусан дар байни модаршӯй ва арӯсон тез-тез сар мезанад. Бадбахтона ҷангу ҷанҷоли келину хушдоман баъзан бо рӯйканию мӯйканӣ хотима наёфта, кор ҳатто то ба куштор ҳам мерасад.
Додгоҳи Вилояти Хатлон як келини хушдоманкушро ба 17 соли зиндон маҳкум намудааст.
Умеда Шарифова, сокини деҳаи Муҳоҷирободи ҷамоати деҳоти Дарқади ноҳияи Фархор буда, бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "одамкушӣ" муттаҳам дониста мешавад. Рӯзи 9-уми августи соли 2021 байни Умед ва модаршӯяш баҳсу мунозира сар зада, ҷавонзан бо як "баҳонаи ночиз" бо хушдоманаш Файзигул Олимов муноқиша мекунад. Дар рафти ҳамин ҷанҷоли оилавӣ ин ҷавонзани бераҳм 8 маротиба ба гардан, рухсора ва панҷаҳои дасти модаршӯяш корд задааст.
Ин ҳодисаи хунин дар пеши назари як кӯдаки шашсола сар зада, Файзигул Олимова бар асари хунравӣ аз захмҳои бешумори корд дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Тавре ки “Радиои Озодӣ” мегӯяд, келини хушдоманкуш худро сафед карда, иддао намудааст, ки гӯё модаршӯяш доим ӯро ғам медодааст.
Ҳукми додгоҳ нисбати Умеда Шарифова ҳанӯз рӯзи 5-уми январ эълон шуда, келини хушдоманкуш ҷазоро дар колонияи ислоҳии низомаш умумӣ сипарӣ хоҳад кард.
Ин бори аввал нест, ки арӯсони хонавода даст ба қатли хушдоман ва дигар аъзои оилаи шавҳарашон мезананд. Соли 2018 додгоҳи Вилояти Хатлон Маҳпора Ҳикматова, сокини 39-солаи деҳаи Турдишайхи ноҳияи Панҷро барои қасдан куштани аъзои хонаводаи шавҳараш ба мӯҳлати 18 сол аз озодӣ маҳрум карда буд. Моҳи сентябри ҳамон сол Мавлуда Одилова, сокини ноҳияи Ҳамадониро барои заҳролуд кардани чанд узви хонавода боздошт намуданд ва додгоҳи Кӯлоб ин занро дар қатли ҳамсар ва ду фарзанди хурдсолаш гунаҳкор дониста ба мӯҳлати 24-сол равонаи зиндон кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД