Фозила Салимоваи 22-сола сокини шаҳри Душанбе, дар қатли хушдоманаш Зиннатбибӣ Носироваи 58-сола дастгир карда шуда буд, 2 сол равонаи зиндон гардид. Вале наздикони ҷабрдида аз ҳукми Суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт, ки ҳукмро эълон кард, розӣ нестанд.
Фарзона Мусоева, духтари Зинатбибӣ ба хабарнигорон гуфтааст, ки онҳо аз қарори суд розӣ нестанд, чунки суд парвандаро бо моддаи одамкушӣ дар ҳолати ҳайяҷони сахти рӯҳӣ баррасӣ кард. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, келини хонадон модарашро бо бераҳмии хос ва дар ҳолати ороми рӯҳӣ ба қатл расонидааст. “Нафареро, ки модарамро дар хонаи худаш бо зарби 27 корд ба қатл расонад, танҳо 2 сол аз озодӣ маҳрум кунанд. Ин ноҳаққӣ аст”, - гуфтааст бо нигаронӣ духтари марҳум.
Номбурда гуфтааст, ки судя мебоист парвандаро бо моддаи одамкушӣ (104 қисми 1) баррасӣ мекард, вале бо сабабҳои номаълум парвандаро бо моддаи 106 қисми 1 (одамкушӣ дар ҳолати ҳаяҷони сахти рӯҳӣ) баррасӣ намуданд.
Ба гуфтаи наздиконаш, Зинатбибӣ Носирова рӯзи 23-юми майи соли равон дар хонаи худ бар асари муноқиша бар асари баҳси хона аз сӯи келини хонадон Фозила Салимова бо 27 зарби корди хоҷагӣ кушта шуд.
Фарзона Мусоева, дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфта буд, ки дар аввал нисбати Фозила Салимова бо моддаи 104 қисми 1 (одамкушӣ) парванда боз шуд, вале дар охир муфаттишон ба хулосаи экспертизаи психологӣ такя намуда, парвандаро бо моддаи 106 қисми 1 (одамкушӣ дар ҳолати ҳаяҷони сахти рӯҳӣ) бандубаст карданд, ки аз ин онҳо розӣ нестанд.
Ӯ гуфтаааст, ки бо вуҷуди он ки аз ҳукми суд розӣ нестанд, вале ба зинаҳои болоӣ шикоят намекунанд, чунки ба адолати судӣ бовар надоранд ва он сарфи маблағ ва вақту кӯшиши беҳуда аст.